Кӯлоб: дастрасии маводҳои тиббӣ

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ расонида шуд.

Тибқи маълумоти сардори Раёсати тандурустии вилоят дар минтақаи Кӯлоб Садриддин Ғаюров, имрӯз, 5 май, ба раёсат маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ барои ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тақсимот кардан ворид шуд. С. Ғаюров иброз намуд, ки тибқи нақша ва рӯйхат ин мавод ба беморхонаҳою муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тақсим мешавад. Ин маводҳо аз 45 номгӯи доруворӣ ва маводҳои антисептикӣ иборат буда, барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ равона шудаанд.

Минбаъд низ чунин маводҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои тамоми беморхонаҳои ҷумҳуриамон дастрас карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раси вилояти Хатлон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code