Саҳмгузории Раиси шаҳри Кӯлоб ва ҳайати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба фонди мубориза ба COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб

Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ба суратҳисоби махсуси чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар шаҳр маоши якмоҳаи худро гузаронид.

Ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгоҳи раис низ ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои фарогир ҳамбастагӣ эълон намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза алайҳи он як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба ин суратҳисоб интиқол диҳанд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин дар шаҳри Кӯлоб мунтазам гузаронида шуда, соҳибкорону саховатмандони шаҳри Кӯлоб низ ба фонди мубориза ба COVID-19 кӯмакҳои худро расонида истодаанд. 

Тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои назоратиро дар ин самт пурзӯр намоянд, аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеи аҳолӣ худдорӣ карда, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити арзандаи кориро барои табибон дар маҳал муҳайё намуда, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кӯмаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code