Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 9-уми май- Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табрики иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Кӯлоб омада, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз қабили Мирзо Бекматов, Шарифов Ғулом ва Холматов Дилдор дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Ҳангоми вохӯрӣ намояндагон туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як нафари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдорӣ 6000 (шаш ҳазор) сомонӣ ҳамчун кӯмак расонида, барои хизматҳои шоёнашон ба онҳо арзи сипос низ гуфтанд.

Ветерантҳои шаҳри Кӯлоб ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ баён намуда, изҳор намуданд, ки ҷонибидори сиёсати Пешвои миллат буда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳмашонро мегузоранд.

Ҳамчунин дар ин раванд кӯмакҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва амсоли ин ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида шуд.

Ин гуна шахсони хизматнишондода зери таваҷҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти олии ҳукумати мамлакат қарор доранд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code