Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб

Рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ Гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Сарвазири мамлакат зимни сафар аз мавзеъҳои соҳилмустаҳкамкунии Сойи Тебалай ва дарёи Ях-Су (дар мавзеи Фурӯдгоҳ) дидан карда, ҷиҳати пешгирии ҳар гуна офатҳои табиӣ ва махсусан баландшавии оби дарёҳо ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати масъалаи мазкур корбариро ҳамаҷониба таҳти назорат гирифта, нуқтаҳои хатарноки дарёҳои мазкурро мунтазам назорат баранд.

 

 

 

 

 

 

Дар аснои сафари корӣ, ҳамчунин Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода аз вазъи заминҳои кишоварзӣ, заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб дидан намуд.  

Дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Юнусҷон»-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ки роҳбарии хоҷагиро Каримов Амирбек ба уҳда дорад, Сарвазирии мамлакат  боздид ба амал овард. Дар хоҷагии мазкур, ки дорои 2,15га замин аст, дар он парвариши пиёз, помидор, гулкарам, каду ва дигар сабзавотҳо  ба роҳ монда шуда, саҳмдорон баҳри ба даст овардани фоида ва пешбурди зиндагии худ кору фаъолият менамоянд. Зимни боздид, муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷиҳати кишти такрорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ дастур дода, иброз доштанд, ки баҳри паст намудани нархи маҳсулот дар бозор, махсусан дар шароити кунунӣ, зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замин мавриди истифодаи дуруст қарор дода шавад.

Ҳамчунин аз кишти заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон Сафаралиев Қурбоналӣ сокини  шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Навобод ва Маҳмадиев Собирҷон сокини шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Саричашма дидан намуд. Шахсони мазкур дар заминҳои наздиҳавлигии худ моҳирона кишти картошка, ғалалубиёгӣ ва дигар намуди сабзавотҳоро ба роҳ монда, иброз намуданд, ки аз ин ҳисоб манфиати хуб ба даст меоранд.

Сарвазири мамлакат мухтарам Қоҳир Расулзода ба заҳмату меҳнати ин ашхос баҳои баланд дода, баҳри ҷалби бештари аҳолӣ ба истифодаи самараноки замин ва ба ин васила каме ҳам бошад дар зиндагӣ нафъ расониданро тавсия намуд.

                                                                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code