Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар марҳилаи аввал ҷамъбаст гардид

Дар партави иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, санаи 15-апрели  соли равон дар толори маркази ҷавонони  шаҳри Кӯлоб марҳилаи аввали Фестивали «Чакомаи гесӯ» бо иштироки  сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Р. Раҳимзода ва ҳайати кумитаи тадорукот баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ» намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» имконият медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ  мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.

Фестивали мазкур се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён  ороиш ва муйбофии қадима, ҳунари машоттаҳо ва бо ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ саршуёну арӯсбарон,  мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофӣ (кокул, пита, панҷак, силсила, бадахшӣ, пӯпак, зулф ва ҳоқазо) бо либосҳои маҳал намош дода шуд.

Ҳамзамон дар Фестивал кӯдакони синнишон 5 сола, наврасон ва духтарон бо мӯй дароз қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ баромад намуданд.

Иштирокчиёни фаъоли Фестивал бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуда, Фестивал бо барномаи рангини консертӣ ҳусни хотима бахшида шуд.

           Шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code