КӮЛОБ: СИТОДИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНҲОИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ВА «ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ АЗИЗИ МАН» БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Ситоди минтақавӣ оид ба Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон кишвари азизи ман» баргузор гардид.

Дар ситоди мазкур муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Фирӯза Шарифӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД- и  вилоят Раҳимзода Раъно, мудири шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Рамазон ва дигар масъулони соҳаи фарҳангу маориф, ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд. Фирӯза Шарифӣ аз муовинони раисони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба омодагӣ ва ҷараёни гузаронидани озмунҳои зикршуда мухтасаран пурсиш ба амал оварданд. Дар натиҷа масъулон ҳисоботи мухтасар доданд.

Баъдан, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ оид ба ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмунҳо ва маблағгузорӣ аз тарафи МИҲД-и шаҳру ноҳияҳои минтақа ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин масъулон барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳо муваззаф гардиданд.  

                                                                                                                                                                               Бахши матбуоти

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code