Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб

        Санаи 12 апрели соли 2020 дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари ҷумҳуриявии гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб оид ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо Афғоновна дар се деҳаи ҷамоатҳои деҳот синфхонаҳои иловагӣ ва як бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

         Нахуст, дар деҳаи Куҳнашаҳри Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб 4 синфхонаи иловагӣ барои 160 хонанда дар ду баст ва утоқи муаллимон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22, ки аз ҷониби шарикони рушд сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

         Инчунин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ 4 синфхонаи иловагӣ барои 160 хонанда дар ду баст, ҳамчунин утоқи муаллимон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ва дар деҳаи Мирнишини Ҷамоати  деҳоти Даҳана низ 4 синфхонаи иловагӣ барои 160 хонанда ва утоқи муаллимон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Синфхонаҳои иловагӣ бо лавозимоти дарсӣ муҷаҳҳаз буда, хонандагон ба дарс фаро гирифта шудаанд.

         Давоми рӯз, ҳамчунин дар деҳаи Бешкаппаи Ҷамоати деҳоти Даҳана бунгоҳи тиббӣ иборат аз ду ошиёна бо таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дар он минбад 4 нафар кормандон барои 1300 нафар сокининон хизмати тиббӣ мерасонанд.

         Ҳангоми ифтитоҳи биноҳои зикршуда Раҳмонзода Абдуҷаббор бо аҳолӣ суҳбат гузаронида, баҳри ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинон ва қадршиносии ҳар як сокин ба ин ғамхориҳо гуфта гузашт. Ҳамчунин иброз намуд, ки мову шумора зурур аст, ки бахри сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо соҳибкорону саховатмандон ҷиҳати ободу зебо гардонидани хонаи худ, маҳали худ ва дар маҷмуъ ҳар як гушаи диёри азизамон талош варзем.

                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code