Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саразми бостонӣ-бозгӯи таърихи куҳани халқи тоҷик»

Санаи 10 апрели соли равон дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саразми бостонӣ-бозгӯи таърихи куҳани халқи тоҷик» бо иштироки роҳбарияти донишкадаи мазкур, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ доир гардид.

Дар кори Конференсия ҳамчунин омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб низ ширкат доштанд.

Сараввал, сухани ифтитоҳиро Ниёзӣ Акбар Меҳридил директори донишкада оғоз намуда, мақсад ва ҳадафи баргузории Конференсияро ба иштирокдорон гуфта гузашт. Баъдан сухани табрикотиро ба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шокирҷони Карим доданд.

Шокирҷони К. дар баромади худ, сараввал аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ташкилкунандагони кори Конференсия изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, оид ба нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёву эҳтироми фарҳангӣ миллӣ, баланд бардоштани мақоми ҳунарҳои мардумӣ, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва муаррифии миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи ҷаҳон гуфта гузаштанд.

Инчунин тибқи тартиб сухан ба Ҳотам Раҷаби Асозода-дотсент, мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дода шуд. Номбурда дар мавзӯи «Нигораҳои пурарзиши таърихӣ дар осорхоани шаҳри Кӯлоб» баромад намуд. Дар баромади худ қайд дошт, ки Саразм таърихи 5500 сола дорад ва 12 сентябри соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ солгарди Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин маърӯзаи илмии Шоинов Ҳасан-саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии ДТМИК низ дар мавзӯи «Назаре ба таърихи ҷашнгирии шаҳрҳои Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор ва Саразм», маърӯзаи илмии Одинаев Барот-саромӯзгори кафедраи забонҳои ДТМИК дар мавзӯи «Истиқлолият ба Саразм умри дубора бахшид», маърӯзаи илмии Хидиров Худойқул-дотсент, мудири кафедраи математикаи олии ДТМИК дар мавзӯи «Баъзе шаклҳои математикӣ оид ба кашфиётҳои Саразм» ва маърӯаи илмии Шарипов Фирӯз-сардори шуъбаи илми ДТМИК  дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ»   пешкаши иштирокдорон карда шуд.

Дар охир, бо суханони шодбошии муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотӣ Шоев Алмосшо Наботович кори Конференсия анҷом ёфт.

                                                                                        Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code