Ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз

Имрӯз дар толори қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ҷаласаи васеъи роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон доир гардид.

Ҷаласаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром гузарониданд.

Нахсуст, Раиси шаҳр маҷлисро оғоз намуда, барои пешбурди кори маҷлис ва рафти корҳои ободониву созандагӣ сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Раҳмонзода А.   дода шуд.

Раҳмонзода А. бо суханони шодбошӣ барои фаъолияти пурсамари сокинони шаҳри Кӯлоб оғози сухан карда, аз роҳбарони гуруҳҳои корӣ, махсусан муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати фаъолияташон пурсон шуда, супоришҳои қатъӣ баҳри омодагиҳои ҳамаҷониба оид ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд.

 Мавсуф дар баромадашон иброз доштанд, ки кунун ҳар як узви комилҳуқуқи ҷомеаро зарур аст, ки бахри ободии хонаи худ, маҳалли худ, шаҳри худ ва дар маҷмуъ барои гул гул шукуфоии  Тоҷикистони азиз саҳми назарраси худро дошта бошанд.

Шароити имрӯза моро водор месозад, ки дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандони худ, соҳибилм гардидани насли наврас ва эътирофи ҳамаҷонибаи маъориф ҳамчун соҳаи калидии ҷомеа нақш дошта бошем.

Имрӯз шароите фаро расидааст, ки мо мутахассисони неруманди соҳаи илму маърифат, олимону ихтирокорон ва дар маҷмуъ мутахассисони барҷастаи соҳаҳои мухталифи коркарду истеҳсолоти дохилии худро дошта бошем то ниёз ба хориҷа нагардад. Ин мақсади роҳбарияти олии кишвар агар мақсади ҳар яки мо шаҳрвандони ин давлат гардад, мо метавонем. Метавонем, ҳадафҳои стратегии худро пурра ва ҳарчи зудтар ноил шавем.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ҳамчунин оид ба вазъи заминҳои корами обӣ низ гуфта гузаштанд. Қайд доштанд, ки кишти такрорӣ махсусан зери назорат қарор дода шавад ва тамоми заминҳо кишоварзӣ самаранок истифода бурда шаванд.

Дар охир, Раиси шаҳр бо қаноатмандӣ аз гуфтаҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро таъкид дошт, ки ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, дар ҳамбастагӣ бо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ корбариро боз ҳам пурзур намуда, баҳри иҷроиши ҳамаҷониба чораҳои заруриро амалӣ намоем.

                                                                                          Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code