Таҷлили оғози рӯзи даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

        Санаи 01 апрели соли 2020 дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб оғози даъвати баҳории наваскарон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тантанавӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо Афғоновна таҷлил карда шуд.

         Дар ҳамоиш ҷавонони ихтиёрӣ, падару модарон, аҳли зиёи шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат  ва дигарон иштирок доштанд.

         Сараввал, муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова К. ҷавононро барои масъулиятшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандориашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои сарбаландона хизмат намудани онҳо дар артиши миллӣ ва бо рӯи сурх ба назди падару модар баргаштанро таманно намуд.

         Ҳамчунин шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб бо шеърҳои ватандӯстонаи худ ҷавононро ба роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳидоят намуд.

          Дар баробари ин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бекматов суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои ҳассоси давронӣ ҷангӣ ва бо шукургузорӣ аз Истиқлолияту ваҳдати саросарии имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба иштирокдорон гуфта гузашт.

         Инчунин модари ян даъватшавандаи ихтиёрӣ низ аз номи модарон баромад намуда, тамоми ҷавононро баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, дифо аз ватан-модар даъват намуда, иброз доштанд, ки ҳар яки мо модаронро зарур аст, ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар, ҳимояи Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ масъулият дошта бошем.

         Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри ҷавонони ихтиёрӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуда, бо сурудҳои ҷаззобу дилкаш хотири иштирокдоронро болида намуданд.

         Дар аввалин рӯзи даъват 52 нафар ҷавонон       аз шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ сафарбар гардиданд.                                                            

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code