Озмуни «Сайри гули лола» дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 02 апрели соли 2020 бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода озмуни «Сайри гули лола» дар шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

         Дар озмун ташкилоту муассисаҳои шаҳр, ҷамоатҳои деҳот,  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб ва коллеҷҳои шаҳр иштирок намуданд.

         Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. бо ҳайати ҳакамон, сараввал аз гулгашти Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар он Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, дар баробари гулҳои лола, инчунин ҳунарҳои мардумиро низ ба маърази тамошо гузоштанд.

         Ҳамин тавр Раиси шахри Кӯлоб бо ҳайати ҳакамон аз Боғи Хуталон, Боғи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва дигар гулгашту хиёбонҳо дидан намуданд.

         Қисмати ҷамъбастии озмун дар Боғи Мирсаид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот доир карда шуд.

         Ҳайати гуруҳи корӣ дар натиҷаи озмун ба яқ қатор ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои деҳот сипоснома супурданд.

         Бояд ёдовар шуд, ки дар миёни боғҳои шаҳри Кӯлоб Боғи ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ҷойи аввал, дар миёни гулгаштҳо гулгашти ба номи Сафар Амиршоев, дар миёни хиёбонҳо хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ, дар миёни ҷамоатҳои деҳот ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва дар миёни гулпарварон гулпарвар Шарипова Гулрафтор ҷойи аввалро сазовор гардиданд.

         Дар қисмати ҷамъбастӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокдорон карда шуд.

       

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code