Вохӯрӣ дар мавзӯи «Тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср»

Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Бо ҳамин мақсад санаи 4-марти  2020 як гурӯҳ ҷавонони фаъоли «Сипари Ватан»-и Коллеҷи милитсияи ВКД дар ҳамкори бо ташкилоти ҷаъмиятӣ «Шаҳрванд» дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №12 ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кулоб дар мавзуъи «Сабаб ва омилҳои ҷалби   ҷавонон ба гурӯҳҳои терористӣ» бо хонандагон ва омӯзгорони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи намояндаи ташкилот «Шаҳрванд»   ҳусни оғоз бахшида, аз он изҳори нигарони намуд.ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳони ин ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҳисоб меравад,ки ин нишондиҳанда рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

Курсанти курси 1 Каримова Сабрина бо маъруза баромад намуда, қайд намуд: «Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати  одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад.  Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст»

Ҳамчунин пахшҳои роликӣ намоиш дода шуда мубодилаи афкор сурат  гирифт.          

Насурзода Ҳ.А.-омӯзгори Коллеҷи миллитсия

                 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code