Қадрдонии намояндагони васоити ахбори омма ба  муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Имрӯз ба муносибати 108-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик як зумра хабарнигорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

         Муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С. сараввал рӯзноманигоронро ба рӯзи касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо баҳри фаъолияти пурсамар ва дар таҳкими сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нақш доштанашон изҳори сипос намуд. Дар суханронии худ қайд намуд, ки имрӯз сохаи журналистика дар саросари ҷумҳурии азизамон рушд ёфта, махсусан ин ниҳод дар шаҳри Кӯлоб мояи ифтихори ҳар як сокини шаҳр маҳсуб меёбад. Мо бо қаноатманди гуфта метавонем, ки дар баробари дигар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, соҳаи хабарнигорӣ низ дар рушду нумуи сарзамини азизаон-Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз мегузорад.

         Дар охир, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С. як зумра хабарнигорони соҳибтаҷриба ба туҳфаҳои Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

         Ҳамчунин журналистон аз ин қадрдонӣ изҳорӣ миннатдорӣ намуданд.

                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code