Аёдати собиқадорони бахшида ба Рӯзи Модар

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони собиқдори ҷангу меҳнат таҳти ғамхорӣ ва дастгирии давлату ҳукумат қарор доранд.

Дар ин росто, санаи 07 марти соли равон муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод яқ қатор занони собиқадори меҳнатро ба ифтихори иди занон (8-уми март) аёдат намуд.

Муовини Раиси шаҳр баҳри болидаруҳии онҳо ва қадр намудани хизмату меҳнати онҳо барои сарзамини Тоҷикистон ва махсусан шаҳри Кӯлоб ба онҳо маводҳои ғизоӣ, аз қабилӣ  орд, равған, биринҷ, макарон ва шакар кӯмак расониданд.

Ҳамчунин онҳоро аз номи раиси шаҳр ба муносибати 8-уми март табрику таҳният гуфтанд.

Собиқадорони меҳнат миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Кӯлоб барои чунин қадрдониҳо изҳор доштанд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахурони яккаву танҳо, маъюбону ятимон ва эҳтиёҷмандон  таҳти ғамхориву сарпарастии пайвастаи давлату ҳукумат  қарор доранд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code