Аёдати собиқадорон дар арафаи ҷашнгирии «Рӯзи Модар» дар Кӯлоб

Рӯзи 6-уми марти соли равон Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва Раиси шахри Кулоб муҳтарам Бахром Иноятзода қабл аз оғози чашнгирии «Рӯзи Модар», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Кулоб дар Касри фарханги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ба аёдати собиқадорони меҳнат, ки дар шаҳри Кӯлоб истиқомат доранд, раҳсипор гардиданд. Аввалан, ба аёдати собиқадори меҳнат Шарипова Аслбӣ ташриф оварданд. Мавсуф дар собиқаи кории 37-солааш аз фаъолияти донишҷӯии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз карданаш, баъдан дар вазифаҳои мудири кӯдакистон, директори китобхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, ҷонишини директор ва баъдан директори МТМУ №11-и шаҳри Кӯлоб, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб то ба муовини раиси Комитети иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Кӯлоб кору фаъолият кардааст.
Дар ин давраҳо барои фаъолияти пурсамараш бо ифтихорномаи Презедиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои “100 – солагии Ленин”, “Барои меҳнати шоён”, “130 солагии Ленин”, “100 солагии Инқлоби сотсиалистии Октябр”, “140 – солагии Сталин” қадрдонӣ карда шудаанд.
Айни замон нафақахӯр барои хизматҳои шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, Раиси вилоят собиқадори меҳнат Файзова Малика, ки собиқаи кории 44 сола дар соҳаи тандурустӣ дорад, аёдат намуд. Файзова Малика аз соли 1976 дар ихтисосҳои табиб – момодоя ва касалиҳои занонаи Касалхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ, аз соли 1978 то соли 1983 – табиб момодоя ва касалиҳои занонаи таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, мудири шуъбаи таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, сармутахассис оид ба корҳои момодоягӣ ва бемориҳои занонаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), ҷонишини сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ оид ба корҳои муолиҷавӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб ва айни замон табиби момодоя ва бемориҳои занонаи таваллудхонаи вилоятӣ кору фаъолият карда истодааст.
Барои фаъолияти пурмаҳсулаш аз тарафи ҳукумат бо медали “Шавқат”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.
Баъдан, Раиси вилоят собиқадори меҳнат Смирнова Екатерина Дмитриевнаро, ки айни замон дар Беморхонаи бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб бистарӣ ҳастанд аёдат намуда, ба ӯ туҳфаҳо тақдим намуд. Собиқадори меҳнат Смирнова Екатерина ҳангоми аёдат иброз намуд, ки ӯ баъди хатми омӯзишгоҳи педагогии Лукянов, бо роҳхати комсомолӣ ба Тоҷикистон ба кор меояд. Фаъолияти омӯзгориро аз мактаби Суворови ноҳияи Ховалинг оғоз карда, баъдан дар дигар мактабҳои собиқ вилояти Кӯлоб кор карда, аз соли 1964 то ба нафақа (соли 1993) баромаданаш дар мактаби миёнаи №10 (ба номи Илич, ҳоло ба номи Расулов Қурбонназар)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ба ҳайси омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти рус фаъолият кардааст. Айни ҳол 82 сол дорад ва дар иҳотаи фарзандонаш давлати пирӣ меронад. Вай шукрона аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро мекунад, ки имрӯз тинҷию ободӣ дар Тоҷикистон ҳаст. Инчунин, аз шогирдони тарбияткардаи худ мефахрад, ки ӯро тез-тез аёдат мекунанд.
Раиси вилоят ҳангоми аёдати собиқадорон аз ҳолу аҳволи онон хабардор шуда, барои дар оянда зери назорат гирифтан ва ғамхории худро расонидан масъулони шаҳрро муваззаф намуд. Сипас, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моддию пулӣ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сипосномаҳоро бахшида ба Рӯзи Модар тақдим намуд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code