МЕҲРУБОНУ БЕНАЗИРӢ , МОДАРАМ….

Зиҳи дунёи нуристони миллат,

Фуруғи чеҳраи армони миллат.

Зиҳи зан, ки ғаму мову туро хурд,

Ба ҳар як дард шуд дармони миллат.

Тибқи дастурур  супоришњои  Асосгузори, сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили «Рӯзи-Модар» оиди қадрдонӣ намудани собиқадорони меҳнат ва фаъолзанон кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” ба аёдати собиқадорони соҳаи китобдорӣ рафта аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро табрику таҳният гуфта, аз ҳисоби маъмурият ва Кумитаи иттифоқи касабаи Муассисаи мазкур бо тӯҳфаҳои шоиста қадрдонӣ намуданд.

Чи хеле ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Занон дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳангї хонаводагӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми Зан-Модар, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд». Оре мақоми ин занон дар ҷамъият хело ҳам калон мебошад. Онҳо умри чандинсолаи хешро сарфи соҳаи китобу Китобхона намуда, чандин шогирдони хешро тарбия намуданд. Мо ҳамеша ба ин занону модарони меҳрубон ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод дорем, чун ки онҳо дар тарбияи фарзандони содиқи Ватан ва миллат, ободгарони кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоиста саҳмгузоранд.

Ҳамзамон бо мақсади омодагӣ ба ин ҷашни фархунда ҷиҳати ободонӣ, кабудизоргардонии гирду атрофи бинои китобхона китобдорон дар рӯҳияи баланди ҳамдигарфаҳмӣ корҳои ободонию созандагиро бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба роҳ монда, баҳри ободу зебо гардонии шаҳрамон садоқатмандона меҳнат намуда истода, тамоми майдонҳои атрофи биноро бо гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкан оро дода, ҳамеша сарсабзу хуррам ва шукуфон нигоҳ медоранд.

Абдулҳакимзода Саодаткорманди Муассисаи давлатии

«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code