МОДАР, МАРО БУБАХШ

Модар, бубахш маро барои ҳамаи хатогиҳоям, ки гоҳо аз ҷавонӣ тӯйи азизамро ранҷ диҳам. Эй Худо, бароям қувваи хираде ато фармо, ки барои омурзиши гуноҳҳоям ҳамеша сар ба суҷуди модар дошта бошам. Ин суҷуд, андаке ҳам бошад, бигзор тасалло диҳад, ки бо офаридгори худ ҳамеша дар ҳоли таъзим будан омурзиши гуноҳҳои банда дар замин аст…

Дастони модарро бибӯсам, чашмонашро аз ашкҳое, ки синаамро реш-реш менамоянд, тоза кунам ва пешаш ба зону зада бигӯям.

ОСОИШИ БАТНӢ

Модар, маро бубахш!

Модар, он лаҳзаҳое, ки сарамро сари зонуят мегузорам, тасаввур мекунам, ки дар осоиши батнии туям.

Ин аст биҳишти пур аз меҳру муҳаббат, ки зулм ва нафратро намешиносад. Ҳар лаҳзае дастони меҳрборат сарамро сила менамоянд, медонӣ бароям чун табибӣ, ки ҳамаи маризиро бо сеҳри сухан ва дору метавонад шифо бахшад.

Имрӯз, ки дар синни балоғатам, мехоҳам, аллаҳои гӯшнавозатро боз бори дигар бишнавам.

Оҳ модар! Садоят мисли ёдҳои гузаштаи ширин дилнавозу дилнишин ва хотирмонанд. Ҳар лаҳзае ба оғӯшат сар мегузорам, мехоҳам ба садои баланд мӯя кашам…

Саҳаргоҳон, ки ба садои ту аз рахти хоб бармехезам, шунидани овозат рӯҳамро навозиш медиҳад. Метарсам, аз соате, аз он субҳе, ки беазон бимонам, овозатро нашнавам, ки азони умрам аз он оғоз мегардад.

Медонӣ, ҳар чанд он вақт хеле хурд будам, аммо эҳсосотамро бараъло ёд дорам. Ин эҳсоси тарс аз танҳоӣ буд, чашмонам думболат мерафт, бо ҳаяҷон сӯят менигаристам, нигоҳҳоям зорӣ мекарданд ва мегуфтанд: «Модар ман метарсам бе ту! Бе ту ман метарсам».

Хира-хира ба ёд меояд, ки бе ту пойҳоям маро бардошта наметавонистанд ва ман ба замин меуфтодам. Ман то ҳол аз ин эҳсосот дар ҳаросам, намехоҳам бар забон орам, аммо…

Оҳ модар!

Медонам, ки бе ту наметавон буд, наметавон по ба замин устувор гузошт. Мехоҳам бароям то абад зинда бимонӣ, модар, оҳ модар!

Ҳуснигул РАҲИМЗОДА

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code