Интихоботи вакилон дар шаҳри Кӯлоб

Имрӯз дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқ доир гардида истодааст.

 Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб аз соати 06:00 бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, тамои қишри ҷомеа, ки сини соли интихоботиро доранд ба участкаҳо ҳозир гардида, ба номзадҳои арзандаи худ раъйи худро дода истодаанд.

 Ин лаҳзаҳо, мардум эҳсос намуда истодаанд, ки дар як фазои сулҳу субот ва оромӣ ба таври шаффофу реалӣ, ҳар як овоздиҳанда имкони интихоби номзади арзандаи худро ёфта, бо садои суруду хушҳолӣ вориди ҳуҷраҳои овоздиҳӣ гардида, шахси арзандаи хешро интихоб менамояд.

Интихобот ин баёнкунандаи иродаи мардум маҳсуб ёфта, баҳри расидан ба ҳадафҳои муҳими сиёсӣ нақши бориз дорад.

                                                                                                                                                                        Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code