СЕМИНАРИ МУФИД БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО ОИД БА ИНТИХОБОТ

Бо ташаббуси «Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Барномаҳои рушди ҷамъиятии сафорати ИМА дар Душанбе рӯзҳои 22-юм ва 23-юми феврал дар шаҳри Кӯлоб барои журналистон ва намояндагони ВАО-и расмию хусусӣ тренинг баргузор гардид. Дар тренинг 10 нафар журналистон иштирок намуданд.

Дар рафти тренинг журналистон роҷеъ ба нозукиҳои ширкати журналистон дар интихоботи парлумонӣ, қонунгузориҳои ба он вобаста шинос шуданд.

Тренингро тренерон: коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров ва ҳуқуқшиноси маъруфи соҳаи ВАО Иноят Иноятов гузарониданд. Дар тренинг мавзӯъҳои «Ҳуқуқи интихоботӣ. Таҳлили қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот», «Нақши рӯзноманигор ва намояндагони ВАО дар инъикос намудани интихобот», «Хусусиятҳои инъикос намудани фаъолияти  комиссияҳои интихоботӣ аз тарафи рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ВАО», «Танзими ҳуқуқии иштироки мушоҳидони миллӣ ва мушоҳидони байналмилалӣ дар интихобот», «Инъикоси тартиби овоздиҳӣ ва таҳлили интихобот аз тарафи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хусусиятҳои инъикоси ташвиқоти пеш аз интихоботӣ дар ВАО: таҳлили қонунгузории амалкунанда ва амалияи рӯзноманигорӣ» мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта, аз интихоботҳои пешин мисолҳои мушаххас оварданд.

Дар рафти тренинг журналистон ва тренерон доир ба мавзӯъҳои омӯзишшуда муҳокимаронӣ  намуданд.

Қобили зикр аст, чунин тренингҳо дар солҳои қаблӣ низ дар шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешуд. Тибқи иттилои директори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқотии журналистони Тоҷикистон» – Хуршедҷон Ниёзов (Хуршед Атовулло) имсол чунин тренингҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе гузаронида шуданд.

Сафаров Б.Қ., сармутахассиси шуъбаи итттилоотию

таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти

Хатлон дар минтақаи Кӯлоб                                           

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code