МАКТУБИ КУШОД БА МИРЗОИ САЛИМПУР – ИҒВОГАРИ РАҚАМИ 1

Маро ба беномуси айбдор кардӣ… «ту бидон, ки «маҳз беномусии ту сабаби асосии марги падару модарамон шуд».

Мaн тоҷирам на бозичаи дасти дигарон, ягон кас дари хонаат барои пул ва на барои чизи дигар нарафтааст, ман ҳамаи хонаю дарам ва тиҷоратамро бо меҳнати худам сохтам.

Мисли ту 2 маротиба бо пули давлат ба истироҳатгоҳи «Артек» нарафтаам. Ман донишгоҳеро хатм накардаам. Барои ман касе хона насохтааст, маро мисли ту бо пули қарз зан надодаанд.

Биё як маротиба таҳлил мекунем, ки бренди Мирзои Салимпур ба хонадони мо, шахсан ба ман ва Ватанамон Тоҷикистон, чи суд ё зиёне овардааст?

1. Раҳматии падарамон аъзои Бюрои ноҳиявии ҳизби комунистӣ буданд ва роҳбари дуюми ноҳия аз пушти ту чи гуна сархам буданд?

2. Дар ба дари хобгоҳои донишкадаву донишгоҳҳо барои забони тоҷикӣ ба митинг бароед гуфта гаштӣ, вале чаро имрӯз фарзандони худат забони тоҷикиро, ки забони модариашон аст, намедонанд.

3. Бо навиштаҳои иғвогаронаи ту зидди роҳбаряти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ падарамонро аз кор ронданд.

4. Дар митинги 20 нафара блети комсомолиатро сӯзондӣ, зеро ту 2 маротиба бо дастгирии ҳамин Кумитаи комсомоли ноҳия ба истироҳатгоҳи «Артек» рафта будӣ.

5. Дар рӯзномаи «Чароғи рӯз» дар бораи устоди падар Аловиддин Уроқов ва Ҷурабек Муродов мақолаи танқидӣ навишти, ки онҳо дӯстони хонадони холаам буданд.

6. Моҳи якуми хонадоршавиат дар пеши ҳамаи мо ба модарамон гуфти, ки ман занамро барои шустани либоси Шумо нагирифтаам.

7. Дар бораи мушовири Президенти якуми Тоҷикистон Р.Набиев, мақола навишти, чи гапҳое падар ба ту нагуфта буд.

8. Дар вақти пайдо шудани ду майдон, навишти ки мардуми Кӯлоб дар даст шиори «Нест бод Ислом»-ро доранд. Яъне ду майдонро бо ҳам шӯрондӣ. 200 ҳазор нафар қурбон шуд, чаро имрӯз дар бораи ин амалат наменависӣ, ки бо иғвои ман 200 ҳазор нафар кушта шуданд. Дар баробари Сангак Сафаров ва Ризвон Сидиров номатро дар таърих ҳамчун шахси хунхор паси парда мондӣ.

9. Ба лидерони собиқ вилояти Кӯлоб мактуби кушод навишти онҳоро ба ҳамаи бадбахтиҳо ва нооромиҳо гунаҳкор кардӣ. Пас чаро дар бораи лидерони оппозитсия чизе нанавистӣ? Зеро оппозитсия минтақаи Кӯлобро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифта буд, чаро дар бораи қадамҳои сулҳовари Давлат Худоназаров ва дигарҳо нанавиштӣ, агар дигарон менавиштанд, ин президентшав acт мегуфтӣ!

10. Дар вақти ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ноҳияи Ҳисор падарам бо мушкилиҳои зиёд аз тарси кушта шуданат, туро гурезонид, вале ҳамон бегоҳ боз худатро дар телевизион нишон додӣ, зеро ба ту ғайр аз шӯҳрат чизе ва касе даркор набуд. Заҳматҳои падарам бароят ҳеҷ арзише надошт.

11. Дар арафаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ҳар лаҳза худатро дар телевизион реклама мекардӣ, он замон барои хавфи эҳтимолии кушта шуданат, падарам чи ҳоли зоре дошт, зеро як камаз боевикҳои Фронти халқӣ ба хонаи падарам зада даромаданд он рӯз, чи рӯзи сиёҳе буд, чунки падарро бурданд, хонаро кофтукоб карданд, маро заданд ва падари бечораро бо чи ҳоли зор халос кардем.

12. Обрӯи хонаводаамон дар деҳа рехт. Он замон падарам ду автомашинаи шахсӣ ва як автомашинаи хизматӣ дошт, ҳамаро аз пушти шӯҳратпарастӣ ва аъзогиат ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ бурданд, хамчунин ба ҷои кораш рафтанд зери силоҳ ва таҳдиди зӯроварӣ аризаи бо хоҳиши худ аз кор рафтанашро навишт, аммо ту имрӯз иддаои онро мекунӣ, ки ман дар Аврупо 3-4 хонаи 300 ҳазор еврогӣ дорам.

13. Ҳамаи «каҳрамонон» гурехтанд ва ту бошӣ дар хонаи устодат Додоҷон ба ҳайси хонабон мондӣ!

14. Баъди дар телевизион баромад намудани шоир Аскар Ҳаким, падарам то саҳар хоб накард, чунки ту хонабони Додоҷон будӣ, бо машаққатҳои зиёд аз тарси кушта шуданат, туро, ба хонаи ҷӯраи осетинаш гурезонид.

15. Падарамонро ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бурданд хайрият шогирдонаш ва рафиқонаш ёрӣ расониданд, то падарамон озод карда шавад, вале падарро аз онҳо бароварда, ҳамчун падари шахси иғвогар Малик-командир мехост парронад.

16. Бечора рафиқи осетинии падар баъди як моҳ бо кадом роҳҳо ба хона овард туро, ҳатто аксионерон аз ту парҳез мекарданд, боз дарди сари падар гардидӣ!

17. Шабона ба хона боевикҳо омаданд, аз доду фиғони падару модар ба қафоят нигоҳ накарда гурехтӣ.

18. Ба Ҷумҳурии Туркманистон гурезонданат дар онҷо ғайр аз арақнӯши дигар коре надоштӣ, падар ба аёдатат рафта, ҳоли зоратро дид.

19. Вақте бо модар туро хабаргирӣ рафтем, дар пеши чашми мо ба дигарон харид кардӣ, вале ақлат нарасид, ки барои модарам тӯҳфаяки камарзише бихарӣ.

20. Аз Туркманистон одам рои кардӣ, ки ба ман пул фиристед.

21. Аз Туркманистон бо як кило канди ирис ба хона даромадӣ.

22. Ба саволи падар, ки чаро дар ин нотинҷиҳо омадӣ, ҷабоб додӣ, ки ман барои иштирок дар тӯйи писари аммаи занам омадам. Илова кардӣ, ки дар ғарибӣ хаста шудаӣ. Ту аз ҳазорон нафаре, ки аз иғвогариҳоят ғарибу бенишон шудаанд, намегӯйӣ?

23. Падарро дар сари дастархон муттаҳам кардӣ, ки чаро дар вақташ бо Вали Ӯзбеков шинос набудед, ки имрӯз дар империяаш ягон вазифа мегирифтед.

24. Вақте падарамон маслиҳат дод, ки биё гашта ба Турманистон ё Россия рав, гуфтӣ, ки «Зани ман кӯлобӣ acт, тағоиҳои ӯ боевик ҳастанд ва Вали Ӯзбеков хеши занам acт».

25. Дар рӯзи марги бибиам падарамро муттаҳам кардӣ, ки ҳамавақт барои кори давлат ҳастӣ. Магар дар ҳолати бекорӣ, падарамон метавонист, ки зиндагиамонро таъмин намояд.

26. Дар рӯзи ҷаноза танҳо барои рекламаи худ талош мекардӣ, ҳамаи хешу табор мегуфтанд, «гурезонедаш, ки ӯро маҳкам мекунанд».

27. Ман туро аз шаҳри Турсунзода бо ёрии муҳофизони Директори заводи пахта, раҳматии Ҳасан Маннонов тавассути қатора то шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ кардам, ҳам падар ва ҳам Ҳасан Маннонов фаҳмониданат, ки туро мухолифин мисли бозича истифодаат бурданд, дигар бо онҳо алоқа накун, аммо сад афсӯс.

28. Вақте, ки дар радио дар қатори аъзоёни оппозитсия дар мулоқоти Теҳрон номи туро гирифтанд падарам талх гирист.

29. Баъди 8 моҳ гашта омадӣ, бо овози баланд гуфтӣ, ки дигар ба ту касе кор надорад, аммо дар гирду атрофат собиқ боевикҳоро ҷамъ мекардӣ, ҳар рӯзи чоршанбе пеши фолбину ҷодугарҳо мерафтӣ, дигар на гапи падар ба ту мегузашту на гапи модар.

30. Бо як сумка бор, дар назди бозори Ҳисор ба савдогари пардохтӣ, ҳамин қадар падар ва рафиқони ӯ фаҳмонданат, гӯш накардӣ. Вақте, ки дар бозори Ҳисор кормандони милитсия барои савдои кӯчагӣ қапида маҳкамат карданд, чи ҳоли зоре дошт падар, шабу рӯз дар пеши ШВКД дар шаҳри Ҳисор интизорӣ мекашид, аммо аз хешу табори занат дараке набуд.

31. Ҳама умед ба Вали Ӯзбеков буд пагоҳаш дар пеши ШВКД аҳволи падар бад шуд бо як мошин ба хона рои кардам, ҳар coaт аз кабинети раиси ЗАГС-и ш.Ҳисор ба хона занг мезадам Вали Ӯзбеков ҳам омад, аммо баъди 10 дақиқа ҳеҷ коре накарда, баромада рафт.

32. Падарам ҳар рӯз ба дари дафтарҳои намояндагии СММ, Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Амрико дар Тоҷикиситон, ва Прокуратура мерафт, дигар касе аз он рафиқони дар гирдат парвона буда, ба хона наздик намешуданд. Аз дохили СИЗО пайғом рои кардӣ, ки хонаю дарро фурӯшед маро халос кунед.

33. Вақте, ки дар Прокуратураи генералӣ дар утоқти кории муфаттиш вохӯрдем дар пеши мо баёнот навиштӣ, ки маро Додоҷон Атовуллоев гӯё маҷбур мекард, ки мақолаҳои иғвоангезона нависам.

34. Вақте, ки бо шарофати Ҷаноби Олӣ озодат карданд, аввалин суханат дар пеши мардум ин буд, ки ман бо як тумори Вали Ӯзбеков озод шудам, ин даводавҳои падар барои ту ҳеҷ будааст?

35. Баъди 3 рӯзи озодиат падару модар ва маро гунаҳкор кардӣ, ки пулу молҳои туро гирифтаем.

а) Рӯзе, ки туро қапида буданд ҷузвдони туро падар ба ман дод, ман аз дарунаш пули 10 дона нонро гирифтам, ба дасти Тоҳир – додарамон бо ҳамроҳии муаллим Фирдавс Нуралиев нонро ба хонаву ҷузвдонро ба занат дода буданд.

б) Бо хоҳиши занат ман ҷузвдони боратро кушодам, борҳояшро хисоб карда ба хусурат супоридам.

36. Бар ивази хамаи заҳматҳояш, ба падарам боре ҳам миннатдорӣ накардӣ, баръакс дилашро орзурдиву худ ба сӯи Москва равон шудӣ. Падар бо вуҷуди ин ҳама аҳмақиҳоят ба рафиқаш Бӯри Каримов занг зада, хоҳиш кард, ки ба ту ёрӣ расонад.

37. Савғотӣ рои кардӣ, ҳама хурсанд, дар байни савғотиҳо ду либоси гарми зимистона (жемпир) буд, якеаш гаронарзишу босифат, дигараш камарзиши бесифат, хатчаи дохили ҷузводон маълум гашт, ки либоси камарзиши бесифаташ барои падарам будаасту дуввумиаш барои хонаводаи занат, пас куҷост қадри он ҳама заҳматҳои падар? Дигар баъди хондани хатчаат, касе на қанди рои кардагиатро хӯрду на либоси гарми зимистонаро касе ба бар кард.

38. Зану фарзандонатро ба Москва бурдӣ, медонисти зиндагӣ дар Ватан аз ҳисоби бекории падар, душвор гардида буд, дар 2-3 моҳ як маротиба 50 ё 100 доллари ИМА равон мекардӣ. Бечора дар орзуи автомашина буд, ӯ маро ба ш.Москва фиристод, ту бо кадом рӯят пешвоз гирифтӣ? Дар як кунҷи хонаат амаки занат ва дар кунҷи дигараш тағои занат шишта будан. Рӯзе занат барои як қошуқ асал бо ман муноқиша кард.

39. Вақте ба нуқтаи савдоят ба кор шурӯъ кардам, дар мағозаат бори зиёд надоштӣ, дар давоми 6 моҳ яке аз пешсафҳои бозори Черкиз шудем, ваъда дода будӣ, ки ба падар мошин мехарем, вале вақти ба Душанбе омадани ман, занат дар пеши падараш ҷанҷолро бардошт, ки ӯ ба падари худаш мошин мехарад. Ту боши дар пеши онҳо чун як шахси беҳуқуқ ва забонкӯтоҳ чизе гуфта натавонистӣ!

40. Аз ш.Москва ба Ватан омадам, ҳафтаи аввал падарро ба бозор бурда, бо пули ман ва пасандозаш як мошини нав гирифтем фурӯшанда шинос буд аз арзиши умумии мошин, 400 доллари ИМА нарасид. Фурӯшандаи мошин барои додани боқимондаи пул, ҳамагӣ 1 моҳ вақт дод, намедонам аз чи сабаб бошад, ки лоақал ҳамин 400 доларро равон намекардӣ ё шояд касе иҷозатат намедод.

41. Вақте ба Душанбе омадӣ ба дасти падар 4000 доллар мондӣ, ки бароят хона харад, вале баъди 2 рӯзи ба Москва рафтанат, занат пайдо гардида, пулро аз дасти падар кашида гирифт, ту боши чун ҳамеша хомӯш будӣ!

42. Кадом фонди хориҷие бароят 2000 доллари ИМА ҷуброн додааст ва аз ту кадом бачаи савдогар пурсидааст, ки чаро 5000 доллар надоданат, ту дар ҷавоб гуфтӣ, ки агар аз хонаи мо касеро мекуштанд ман 5000 доллар мегирифтам, ман аз шунидани ин суханҳо шах шуда мондам.

43. Рӯзи тӯйи ман телевизор ва видеоплеер харида оварда дар пеши хешу табор тӯҳфа кардӣ баъдан маълум гашт, ки ин тӯхфаҳо бо пули худам харида шудааст, ту танҳо худро бори дигар реклама кардаиву халос!

44. Дар охири тӯям пули санъаткоронро пурсидам ҷанҷолро бардоштӣ, ки рав аз падарам гир, аммо маро, ки барои сарватманд шудани ту сабаб гашта будам, қадр накардӣ!

45. Дар тиҷорати Маскав хешу таборҳои занатро ҷамъ карда, ба корҳои пулӣ ва хатарнок маро пешдаро мекардӣ, хостам бас кунам, ба ман ваъда доди, ки ба мани бехона, хонаву мошин мехарӣ ва пули калон ҳам ваъда додӣ, гуфтӣ, ки ҳамаи ин тиҷорат танҳо аз ману ту аст, ман бошам бовар кардам, вале афсус аксионерҳо дигарон будаанд.

46. Вақте бӯҳрони иқтисодӣ омад, худро муфлис эълон карда, фурӯшандаҳоро маҷбур кардӣ, ки бо Қуръон қасам хӯранд, қарзҳоро ба гардани ман бор кардӣ, аммо ин ҳама як саҳнаи театрӣ буду халос, пулҳоро барвақт баҷояшон карда будӣ.

47. Хостам як видеокамера харам ва ба касби пешинаам баргардам, вале намондӣ, барои худам либос хариданро ҳам манъ кардӣ.

48. Ҳангоми ба Тоҷикистон омадан аввал ором буди як рӯз худат гуфтӣ, ки хусурам як хона ёфтааст ман меравам суроғаашро мегирам меравем ва ба ту медиҳам. Рафта омадиву муносибатат бо ман дигар шуд намедонам хонаводаи занат ба ту чи гуфтанд, лекин қарзе ки дар гарданат мондааст, пеш аз марг бо хатчае васият кун, зеро ман ин қарзро ҳеҷ гоҳ намебахшам. Ва то қарзро надиҳӣ ба қабр намонанд туро.

49. Дигар дар гирду атрофат, ҳам одамкуш, хам қаллоб, хам нашъафурӯш ҷамъ карда, даврон мерондӣ, як одат доштӣ доим дар пеши падар неш мезадӣ, интизор будӣ, ки ман ҷангро сар кунам, падарро бо пулат ва туморҳоят муттаҳам карда будӣ, ҳама тарафи туро мегирифт, дигар дар сари дастархон бо ту нон хӯрдан ҳам мушкил буд, зеро заҳр мепошидӣ.

50. Осиёби сохтаи падарро ба кор андохтам, ту ва фармондеҳонат намондед, ки кор кунам. Чанд маротиба сухани туро шунидам, ки маро дар пеши падар сиёҳ кардаи.

51. Хонае, ки падар бароят сохта буд, аз нав таъмир кардӣ, дигар бо ту ва командаат гап задан душвор буд. Дигарон доира мезаданд ту рақс мекардӣ, агар падар ягон чи мегуфт рост пеши сеҳру ҷодугарон мерафтиву тумору таштоб мегирифтӣ, ҳатто барои бастани даҳони падар, дар зери шифти хона кӯрхатҳоро мегузоштӣ.

52. Ба ш.Москва равон шудам, аввал корам хуб буд, бачаҳои бозор хуб қабул карданд, вале рашк дар ту монда буд, ба кори ҷодугарбозиат нисбати ман сар кардӣ.

53. Дар Тоҷикистон фақат худро реклама мекардӣ, оқибат муҷоҳидҳое, ки худат «қаҳрамонашон» метарошидӣ, даромада бо силоҳ ҳама чизу чораатро бурданд. Зеро баъзе асбоби рӯзгорро, ки намемонди касе даст расонад, ба коми боевикҳо рафт. Ачиб имрӯз дағ-даға мекуниву он рӯз чизе гуфта натавониста будӣ.

54. Сар шуд, бо гапи фолбин ҳамаро ба ШВКД бурда, маиб карданд, ягон кас хона меомад, ё дар роҳ дар чашм мeғалтид пагоҳ фол мекушодӣ, лекин ҳамаро ба номи падар мегуфтӣ. Барои ман маълум буд, ки фолбини асосиат хушдоманат буд.

То албом ва касетаи тӯйи маро ба хотири бастани даҳони ман ба фолбинат бурда доди.

55. Ба Радиои Озодӣ ба кор даромада, ба ш.Прага рафтӣ, вақти хона омадан тавассути Москва меомадӣ, вақти ҳар омаданат як проблема дар пеш буд, ман медонистам, ки нисбати ман зану шавҳар илмбозӣ мекунед, зеро ту ягон маротиба бе кӯрхату тӯмор намеомадӣ.

56. Ман тавассути ту ба хона пул ирсол мекардам, ту ба падару модарам намедодаӣ ва ҳамчун фоизи пулҳоят ҳисоб мекардаӣ. Имрӯз бошад, шикоят мекунӣ, ки касалии қанд шудам ин касалии фоизи пулҳоест, ки ту хӯрда будӣ ва имрӯз азоби онро кашида истодаӣ.

57. Ба ман супориш додӣ, ки барои ҳамкорони ту авиабилет гирам, ин амалат як навъи «постава»-и ту буд, зеро барои ҳамкоронат маро бурда, дар ҷангалҳои ФР лату кӯб намуда, маиб карданд пулу моламро кашида гирифтанд. Метавони ба ВКД ФР дархост фиристода, ин парвандаро омӯзӣ. Ман саломатиам, тамоми пулам, ва тиҷоратамро аз даст додам, вале ту ҳатто як гапи хуш ҳам нагуфтӣ, баръакс бо ман ҷанҷол кардӣ… Номи туро ва Радиои Озодиро гирифтам. Ту вазифа дорию додар не.

58. Боз шайтонию найранбозиатро нисбати ман давом додӣ, гуфти ки ман закоти моламро ба ту медиҳам, аммо бароям аз ту ҳеҷ чиз лозим нест, зеро захмҳо дар қалбам мондааст. Боз шарм надошта, дар пеши ҳама ман закот додани меравам мегӯйӣ. Хурсандив айшу ишратат дер давом накард, мошини ҷипат чапа шуд, Худованд барои дурӯғу иғвогариҳоят нишонат дод.

59. Падар чандин ҳавлиро барои ман савдо кард, харидорӣ кардан нагузоштӣ, ҳатто ҳавлии ҳамсояро се маротиба савдо кард, ту ва занат намондед, хотирам ҳаст, ту занг зада гуфтӣ, ки янгаат мегӯяд, ки ҳавлии ҳамсояро нахаред, лекин баъди 20 дақиқа ба ҳамсояи дигарамон занг зада гуфтаи, ки рав ҳавлиро бихар, зеро ин ҳавли арзон acт. Ман ба ту чи зараре расонидам, ки монеаи ҳамсояшавии ман ҳастӣ? Ё ту намехости, ки бародарат соҳиби хонаи худ шавад? Бо шарофати сиёсати ҳароми ту, ман бади 8 соли дигар соҳиби хона шудам.

60. Вақте дар ҳавлиаш падарам, як порчаи заминро барои ман ҷудо кард, ман аз падарам хоҳиш кардам, ки Мирзову занаш нафаҳманд, сохтмонро оғоз намуда, хонаро бардоштем, баъди бозгашт омада, норозиги баён кардӣ, ки ман дар инҷо нақшаи сохтани хонаи ду ошёнаро доштам ва боз ба найрангбозӣ ва туморбозиат пардохтӣ.

61. Вақте, ки падарам бемор шудан, ба ш.Москва оварда, ҷарроҳӣ кардам, ҳамчун писари калон қисмате аз пули сафарро надодӣ, ҳатто пуле надоштӣ, ки барои аҳволпурсии падар бо телефон сарф кунӣ, падари беморам худашон ба ту занг зада, аз ҳолу аҳвол ва саломатиаш мегуфт. Боз дар пеши ҳама мегӯйи, ки ман 14000 евро дар як моҳ маош мегирам. Ин пулҳоят барои кист? Ҳангоми бозгашти падар ба Душанбе ту ҳам ба Тоҷикистон омада, дар назди хешовандон рӯйирост дурӯғ гуфтӣ, мо падарамонро ҷарроҳӣ кардем гуфта, худро реклама кардӣ.

62. Дар хона бастаҳои евроро нишон медодӣ, баъдан онро бурда ба як нашъафрӯше бар ивази фоиз месупоридӣ, аммо фоизхӯриҳоят рӯзе ба зиндагиат таъсири бади худро хоҳад гузошт, аллакай таъсири худро гузоштааст, зеро нашъафрӯш маблағатро надода, маҳбасӣ шуд. Интизор шав, рӯзе аз маҳбас озод мешавад ва пулатро бармегардонад. Ту дар кадом ҳадис ё ояти каломи Шариф хондаи, ки дар Ислом ба нашъафрӯше бар ивази фоиз қарз доданро иҷозат додааст? Беҳтараш ҳамин маблағҳоро хуб намешуд, ба бародари дуюмат медодӣ, то зиндагиашонро дуруст кунанд ё касе намонд?

63. Рӯзи ҷанозаи падарам омада, ҳар рӯз рафта харид мекардӣ, аммо мо баъдан фаҳмидем, ки ин пулҳоро модарам ба ту медодааст ва боз дар пеши мардум гуфтаи, ки ман масчиди деҳаро таъмир мекунам, Шумо танҳо усто ёбед, аммо ин суханҳоят танҳо як рекламаи навбатиат будаасту халос. То ҳозир мардуми деҳа бар он назаранд, ки гӯё хонаводаи мо пули барои таъмири масчид рои кардаи туро, аз мумсики надода, барои худ сарф намудаем.

64. Ҳангоми тақсимоти мероси падар, хонаи дар пойтахт бударо ба хоҳарамон Фотима додем, ҳама имзо кард, шахсан худат ҳам имзо гузоштӣ, вале баъди муддате гуфтӣ, ки биё ба хоҳарамон хона месозем. Ман пурсидам, ки маблағ дорӣ, таъриф кардӣ, ки ман 14000 евро маош мегирам, вале ҳамагӣ 2000 доллари ИМА додӣ. Вале фикр накардӣ, ки бо 2 ҳазор доллар чи сохта мешавад. Хонаи баландошёнаи хоҳарамон 50 ҳазор доллар арзиш дошт, ё ин дафъа низ ба занат маҳқул нашуд, ки хоҳарат дар пойтахт хона дошта бошад. Бо шарофати сиёсати ҳаромат хоҳарат танҳо баъди 5-6 сол ба хонаи нотамом даромад.

65. Таъриф карди, ки ман дар сари қабри падар санги хотира мегузорам, пурсидам, ки агар пул даркор бошад, рои кунам, ту гуфтӣ, ки ман худам ҳал мекунам, аммо дар ҳамин ҷой ҳам пулатро дареғ дошта, санги хурдакакеро гузоштӣ.

66. Баъди марги модар аз сабаби бӯҳрон дар ФР ба қарз ғӯтидам рафта натавонистам меpocpo зани ту тақсим кардааст. Номи маро хат задааст. Дар куҷо дидӣ, ки келини хона меросро тақсим кунад. Ё сухани ту барояш қурб надорад?

Худро имрӯз мусалмони хақиқӣ мегирӣ, чаро аз рӯи Ислом меросро байни фарзандони падар тақсим накардӣ? Ҳамин acт исломи ту, ки барояш гӯё мубориза мебарӣ ё ба ҳаромхӯрӣ одат кардаӣ?

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code