ФОРУМИ ҲУНАРМАНДОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила, Шуъбаи кор бо занони шахри Кӯлоб, Шуъбаи рушди сайёҳӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят рӯзи 25 феврали соли равон дар шаҳри Кӯлоб Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ» барпо карда шуд. Баргузории форуми мазкур аз се қисмат иборат буд.

Дар қисмати аввал намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи М.С.А.Ҳамадонии шаҳр баргузор гардид.

Дар намоиш мазкур ҳунарҳои мардумии 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мардум пешкаш карда шуд. Ҳунарҳои мардумӣ иборат буд аз кашидадӯзию қуроқбофӣ, зардӯзию заргарӣ, чакандӯзию чодардӯзӣ, рассомию наққошӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ. Инчунин бозиҳои варзишии миллӣ низ намоиш дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар намоиши мазкур муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Фирӯза Шарифӣ Бурихонзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода, мудири Раёсати фарҳанги вилоят Аловуддин Абдуллоев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи вилоят Рамазон Насриддинзода ҳузур доштанд ва онҳоро муовини якуми Раиси шаҳри Кӯлоб Саломуддин Каримзода ва муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова роҳбаладӣ карданд. Фирӯза Шарифӣ ҳангоми дидан намудани ҳунарҳои мардумӣ ба як қатор ҳунарҳои миллии чирадастони моҳири шаҳру ноҳияҳо баҳои баланд дод ва зикр намуд, ки мо бояд мероси ниёгони худро бештар таблиғу ташвиқ диҳем ва бо ин васила ҳунарҳои мардуми худро ба ҷаҳониён шинос намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ ин гувоҳи таърихи куҳан доштани миллати тоҷикро бозгӯ мекунад.

Баъди намоиши мазкур дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб қисмати 2-юми Форуми ҳунармандони вилояти Хатлон дар шакли конфронс баргузор гардид. Пеш аз оғози форум дар саҳни қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумии ташкилоту муассисаҳо ва ҷамъиятҳои фардии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузошта шуданд.

Дар оғози форуми мазкур сараввал Раъно Раҳимзода ҳозиринро ба барномаи форуми мазкур шинос карда, иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир ба баргузории ин гуна чорабинӣ бахшида ба «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро таъкид намуд.

Сипас, сухани ифтитоҳиро ба муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дода, номбурда дар суханронии хеш қайд намуд, ки ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангие, ки имрӯз мо дар сатҳи вилоятию шаҳрӣ баргузор менамоем аз дастуру супориш, ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Имрӯз санъати миллӣ ва либосҳои миллиамонро бештар тарғибу ташвиқ намоем, духтарон ва бонувони мо рӯ ба фарҳанги бегона намеоранд.

Саломуддин Каримзода муовини Раиси шаҳри Кӯлоб аз номи ҳукумати шаҳри Кӯлоб меҳмонон ва ҳозиринро барои ташрифашон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар ҳақиқат зери сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, ҳар як фарди ватандӯст ва махсусан ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар корҳои ободонию созандагӣ иштироки фаъол доранд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳунармандони зиёд зиндагӣ дошта, дастранҷи худро на танҳо ба мардуми шаҳр, балки берун аз он пешкаш карда истодаанд. Дар бахши сайёҳӣ низ бисёр корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

Дар конфронси форум доир ба мавзеҳои таърихӣ – фарҳангӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, ҳунари заргарӣ, нақши осорхонаҳо дар инъикоси ҳунарҳои мардумӣ маърӯзаҳо шунида шуд.

Баъди шунидани маърӯзаҳо ба як қатор ҳунармандони фаъоле, ки дар чорабинии мазкур иштирок карданд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сипосномаҳо супорида шуд. Дар фарҷоми форум аз тарафи санъаткорон ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Мақсад аз баргузории ин форум бедор намудани ҳисси миллӣ, ташвиқу тарғиби суннатҳои аҷдодӣ дар доираи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ривоҷу равнақ додани соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари онҳо, ҷалби ҷавонон барои касбомӯзӣ ва пос доштани касбҳои аҷдодӣ ва амалӣ намудани Барномаҳои давлатӣ дар самти ҳунармандӣ ва ташвиқу тарғиби рушди сайёҳӣ иборат буд.

Сафаров Б.Қ., сармутахассиси шуъбаи итттилоотию

таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти

Хатлон дар минтақаи Кӯлоб        

                                   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code