Боздиди Раиси шаҳр аз қисми низомӣ дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 22- уми феврали соли 2020 ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз қисми низомии 13483 д Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб боздид намуда, афсарону аскаронро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик намуд.

 Дар ин росто, Раиси шаҳр аз ҷойи зист, толорҳои варзишӣ, инчунин ҷойи хурду хӯроки онҳо дидан намуда, ҳамчунин барои онҳо аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои варзишии вазнбардорӣ, дастхобонӣ, турниккашӣ ва брус доир намуданд. Ба ғолибони мусобиқаҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ пешниҳод карда шуд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса барои афсарону сарбозон баргузор карда шуд.

                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code