Таҷлили тантанавии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Чорабинии муҳташам бо иштироки  афсарону сарбозон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони набардҳои башардӯстона, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, афсарону сарбозни қисми низомии 13483д, намояндагони комисариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир карда шуд.

Саравал, раиси шаҳр, муҳтарам  Баҳром Иноятзода баромад намуда, иштироккунандагонро ба муносибати рӯзи солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, қайд намуанд: «Рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ин рӯйдод дар таърихи халқи тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба сохтори боэътимоди ҳарбӣ муваффақ шудем. Сарбозону афсарони ба ору номуси мамлакат дар давоми бисту ҳафт соли гузашта бори сангини масъулияти эҳё намудани Артиши Миллиро кашида, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд.».

Раиси шаҳр дар фарҷоми суханронӣ, як зумра фаъолон ва шахсони баруманди шаҳр барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободониву созандагӣ ва тарбияи ватандустиву ватанпарварии ҷавон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб  сарфоз гардонида шуданд.

Ба хотири шодбоши ҷавонмарони содиқи Ватан чорабинии фарҳангӣ аз тарафи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб    бо тантана ва шукуҳу шаҳомат доир карда шуд.

                                                                                                                                               Бахши матбутӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code