Табрикоти и.в Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳром Иноятзода ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Ҳамасола, санаи 23- юми феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории муста-қили миллӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ ва кулли мардуми шарафманди Кӯлоб шаҳри бостониро самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳифзу ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ин рӯйдод дар таърихи халқи тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба сохтори боэътимоди ҳарбӣ муваффақ шудем. Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми бисту ҳафт соли гузашта бори сангини масъулияти эҳё намудани Артиши Миллиро кашида, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз қабили, Қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи Миллӣ таъсис ёфта, ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.

Аз оғози таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст.

Имрӯзҳо даҳҳо нафар ҷавонписарони Кӯлобшаҳр дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ даҳҳо нафар ҷавонписарони баору номусу нанг аз шаҳру деҳот ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд.

Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститут-сионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд. Ҳамчунин кумитаи волидайн бо аскарбачаҳои кӯлобӣ ҳамеша робита дошта, корҳои ҳарбию ватандӯстиро пеш мебарад.

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси  хушнудист, ки имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб  фаъолияти бонизомӣ қисмҳои ҳарбӣ амал намуда, хизматчиёни онҳо ҳамчун сарбозони содиқи Ватан барои ҳифзи дастовардҳоидаврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини оромии ҷомеа, мубориза бар зидди ҳамагуна омилҳои халалдоркунандаи вазъи кишвар, софдилонаву содиқона хизмат карда истодаанд, ки шоистаи ифтихор ва таҳсин мебошад.

Итминони комил дорем, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан рисолати азалии худро, ки ҳимояи марзу буми кишвари биҳиштосо ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватан аст иҷро намуда, ба савганди ёднамудаи худ содиқ буда, барои бо дастовардҳои назаррас ва шоиста истиқбол гирифтани санаҳои саодат-офарини миллӣ беш аз пеш хизмат мекунанд.

Ба ифтихори 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ сокинони шаҳру деҳот, собиқадорони ҷангу Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, аскарон ва афсарони қисмҳои ҳарбиро самимона табрику таҳният менамоям.

Ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, хизмати фидокорона, садоқати ватандӯстона, сулҳу амнияту осоиш ва комёбиву пирӯзиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳомиёни Ватан!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code