ДАР КАН О Р А Т С А Р Ф А Р О З А М Э Й В А Т А Н

Санаи  20.02.2020  бахшида  ба  27- умин солгарди  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи баргузории чорабиниҳо  бахшида ба  ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони  Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон  ба номи  Садриддин Айнӣ ” дар ҳамкорӣ бо курсантҳои коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ  дар шаҳри  Кӯлоб вохӯрии хонандагонро  бо намояндагони комиссарияти ҳарбии минтақаи Кӯлоб дар мавзӯӣ “Артиши миллӣ пояи давлат» доир намуданд. Пеш аз ифтитоҳи  чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши баландмазмуни расмдор таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” дидан намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас  бо сухани ифтитоҳӣ  директори Китобхона Обидзода Саймуҳаммад Рустам идома ёфта, ҳозиринро ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, наврасону ҷавононро барои хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзу дастовардҳои даврони Истиқлолият, манфиатҳои миллӣ ва тамоми  арзишҳои Тоҷикистони азиз даъват намуд. Дар  чорабинӣ корманди Комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб Сайдаҳмадов Манучеҳр,  методисти шуъбаи таълими Коллеҷи милитсияи  ВКД ҶТ  дар шаҳри  Кӯлоб  Насурзода Ҳикматулло бо суханҳои пандомез  баромад намуда, ҷавононро ба далерию шуҷоатмандӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуданд.

Суханрониҳо аз тарафи иштирокчиён бо ҳисси баланди миллатдӯстиву ватанпарастӣ  қабул гардид.

Дар рафти чорабинӣ аъзоёни маҳфили “Ганҷи дониш”-и назди Китобхона ва курсантҳои  Коллеҷи милитсия  бо қироати шеър ва суруд хотири ҳозиринро шод гардонида ваъда доданд, ки доимо барои пойдории сулҳу суббот ва Ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, баъди анҷоми қисмати расмии он иштирокчиёни фаъол ва меҳмонон  бо  Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии  таъсиснамудаи  маъмурияти китобхона сарфароз гардонида шудаанд.

        Абдулҳакимзода  Саодат  –    корманди  Муассисаи давлатии

         «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

           ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code