Баргузории маҳфили «Рӯзгордорӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 15 феврали соли 2020 бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, таҳти № 1140 «Ҷадвали баргузории  фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» вобаста ба иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба омодагии «Рӯзи модар» ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустакил, касбомӯзӣ, меъроси ниёгон ва анъанаҳои миллӣ дар Донишкадаи технологӣ  ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб махфили «Рузғордорӣ» доир гардид. Дар озмуни мазкур ҷавондухтарон аз рӯи шартҳои зерин баромад намуданд:

  1. Оростани дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таъомҳои миллии қадима ва муосир;
  2. Намоиши тарзи тайёр намудани як таъоми миллӣ ва муаррифии он;
  3. Маҳорати пӯхтани нон ва маҳсулотҳои нонӣ;
  4. Маҳорати қабули меҳмон дар хона;
  5. Саволу ҷавоб оид ба масъулияти оиладорӣ ва рӯзғордорӣ.

         Ҷавондухтарони донишгоҳу донишкада ваколлеҷҳои шаҳри Кӯлоб дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.

   Дар ҷамъбасти маҳфил ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

                                                                                                                                                                    Бахши матбуотӣ   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code