Вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон

Санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар толори Мактаби президентии шари Кӯлоб вохӯрии номзадҳо бо фаъолон баргузор гардид.

Дар инвохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси шаҳри Кӯ Баҳром Иноятзода ва раиси ҳавзаи интихоботии якмандатаи Кӯлоб №37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтов У. иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Дар толор ҳамчунин намояндагони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳру минтақа низ иштирок доштанд.

         Раиси ҳавзаи интихоботии якмандатаи Кӯлоб №37 Хушвахтов У. тартиби вохӯриро ба иштирокдорон шинос намуда, ибоз намуд, ки Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода номзад ба вакили Маҷлиси вакилон халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №8 аз ҲХДТ пешниҳод карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, Аъзои Ситоди ҷумҳуриявии ҲХДТ Раҳмонзода Абдуҷаббор оид ба фаъолияти ҲХДТ ва пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон-раиси вилоят маълумот дод. Шахсони боваринок шарҳи ҳоли номзадро қироат карда, саҳми номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятро дар пешрафту тарақиёти ҷомеа арзанда маънидод карданд. Номзад зимни суханронӣ оид ба Барнома ва ҳадафҳои худ маълумот доданд.

Баъдан шахси боеътимоди Шарифҷон Ҳакимзода-номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Кӯлоб №37 шоири халқӣ-Ҳақназар Ғоиб оид ба пешбарии номзад маълумот дода, кору фаъолияти онро пурра ба саъми иштирокдорон расонид.

Дар охир иштирокдорон арзанда будани номзадҳоро эътироф намуда, изҳори хушнудӣ намуданд.

                                                                                                                                                 Шокирҷони Карим-

                                                                                                                                                  мудири бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code