Ватандӯтӣ ва таҳкими хуввияти миллии ҷавонон

Чун сухан дар бораи ватандӯстиву ҳуввияти миллии ҷавонон меравад, нахуст мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ, ватансозиву миллатпарварии Президенти Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мадди аввал мегузорем. Чун ки таърих хеҷ гоҳ фаромӯш намесозад, ки ин абармарди қаҳрамон корнамоиҳоеро дар ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ, муттаҳидсохтани тамоми тоҷикон ва ваҳдати сартосарии ин сарзамини аҷдодӣ амалӣ намудаст, ки ин беҳтарин намунаи ибрат барои ҷавони имрӯзу ояндаи мо маҳсуб меёбад.

         Имрӯз барномаву стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуввияти миллии ҷавонон бо ташаббусу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ҷавононро ба хештаншиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани марзу буми кишвар, балад бардоштани донишу фаҳмиши насли наврас, рӯй овардан ба варзишу солимӣ ва амсоли ин даъват менамояд.

         Ин моро водор месозад, ки баҳри таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳ дошта бошем ва тарбияи ҷавононро масъулияти фардии худ ҳисобем. Зеро ояндаи ин миллат ва ин сарзамин аз ҷавонон вобастааст.

         Ватандӯстиву хештаншиносиро аз лаҳзаи дар бати модар ба рухияи насли миллати тоҷик бояд ҷой дод ва дар ин ҷода тарбия кард. Зеро ин масъулият боиси эътибору обу рӯ ва ҷаҳонишавии миллати тоҷик хоҳад гардид.

         Саволе пеш меояд, ки чаро Сарвари давлат ба худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд?

         Мусаллам аст, ки барои сохтани ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлоли миллӣ воқеан зарур аст, ки тамоми сокинони кишварамон огоҳонаву бедордилона аз хатсайри таърихи ориёии хеш маърифати мукаммале дошта бошанд.

Нахустин рукни давлатсозии ҳар халқи олам, ба хусус тоҷикон андешаи миллии он мардум аст, ки ба воситаи забони миллӣ ба вуқуъ мепайвандад.

         Воқеан ҳуввият ин бедорӣ ва огоҳии комили инсон аст. Дар ҷаҳони кунунӣ, ки дорои сиёсатҳои ноустувори ғаразнок нисбати дигар давлатҳову миллатҳое, ки дар марҳилаи гузариш қарор доранд дида мешавад, ҷомеаи моро водор месозад, ки дар роҳи ҳифз ва нигодории фарҳанги ғании миллати худ устувор бошад. Ҳамчунин баҳри муаррифӣ ва эътибори миллат ва давлати худ дар арсаи ҷаҳон, оромиву субот дар ҷомеа мебояд пеш аз ҳама ҳуввияти милли мардум-махсусан ҷавононро баланд бардошта, ғояи миллат ва рушди онро тақвият бахшид.

         Дар ин росто мо гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азиз тавассути ҷидду ҷаҳд ва хиради азалии мардуми баору номуси кишварамон, хосатан, таҳти роҳбарӣ ва саъю кӯшишҳои бемайлони Президенти муаззами мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ, ҳарчанд ки ба осонӣ ба даст наомада буду ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона рӯ ба ободию созандагӣ овард.

Фарзанди баномуси Ватанро зарур аст, ки сарзамини аҷдодии худро аз ҳар гуна ақидаҳои ғаразноки бадхоҳон ва тангназароне, ки сарсабзию музаффариятҳои Тоҷикистони азизи моро дида наметавонанд, мардона ҳифз менамояд. Ҷавони солимақлу аз худ бохабар, худогоҳу худшинос ба ҳеҷ ваҷҳ фирефтаи ақидаҳои бардурӯғу фитнаангез ва иғвогаронаи дасисабозон намегарданд ва бо ғолибияти ақли солиму побарҷо афкори ноҷавонмардонаи онҳоро ботил гардонида, пайи аз бар кардани илму фарҳанги замони муосир ва ободонии кишвар, ҳимояи дастовардҳою марзу буми ватани ҳақиқатан ҳам озоду рӯ ба рушд овардаи хеш мешавад.

Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ аз як тараф ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсию фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим пайдо карда бошад, аз тарафи дигар, дар ҳамин радиф хизмат ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, пойдору бардавом нигоҳ доштани осудаҳолии кишвар меистад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқдори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумат боқӣ мемонад».

Имрӯз мо саҳми ҷавононро дар зинаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ, соҳибкориву истеҳсолӣ ва дар соҳаи варзишӣ мушоҳида карда метавонем, ки натиҷаи кори онҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши бориз дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти ҷавонон моҳи июни соли 2019 Кӯлобшаҳри бостонӣ мизбони 300 фаъолҷавонони сартосари ҷумҳурӣ гардид, ки ин дар баланд бардоштани фаҳмишу ҷаҳонбинии ҷавонон, иттифоқу иттиҳод будан, шиносоӣ аз ободиву созандагиҳои як гушаи Ватан, аз байн бурдани маҳалгароӣ, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқати байниҳамдигарии ҷавонони кишвар заминаи муҳим гузошт.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод дорам, ки ҳамсола чунин вохӯриҳои ҷавонон дар сартосари ҷумҳурӣ мунтазам гузаронида шуда, ҷавонони тамоми қишри ҷомеа ба ин иқдоми накӯ ҷалб карда шаванд.

 Маҳз оилаи солим ва ҳамаҷониба руштёфтаву масъулиятшинос аст, ки фарзанди онҳо фарзанди содиқи кишвар, муҳофизи марзу бум ва музаффарияту муваффақияти Тоҷикистони азизи мо мегардад. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзанди худро дар баробари дар рӯҳияи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия намудан, инчунин дар рӯҳияи меҳру муҳаббат доштан ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дӯст доштани кишвари азизамон тарбия намояд. Ва ин аст қарзи падарию модарии ҳар як волидайн.

      Хизмати Ватан барои ҳар як ҷавони солимақл қарз аст, қарзи ватандорию фарзандӣ, қарзи нангу номусу одамгарӣ.

       Биёед, ҳамагон-махсусан ҷавонони баору баномуси Ватан баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, баҳри нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, ободу зебо гардонидани сарзамини худ камари ҳиммат баста, сиёсати дурандешонаву оқилонаи роҳбари хирадманди кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кори худ қарор медиҳем.

         Мехоҳам фарҷоми андешаамро бо шеъри шоири ватансарои тоҷик Сайидҷон Ҳакимзода хотима бахшам:

                   Решаам сахт ба хоки Вата наст,

                   Шохаи пургули умарм суха наст.

                   Дар ҳама ҷойи Ватан ҷойи ман аст,

                   Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам,

                                                         дар бари ҳамватанон мемонам.

                                                         

                                                                                                                                      Маҷидова Кенҷамо Авғоновна-

                                                                                                                                      муовини Раиси шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code