Барномаи тарғиботии пешазинтихоботӣ

Ҳамарӯза омодагиҳо ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми декабри соли 2019 муайян гардид, идома ёфта истодааст.

         Бояд тазаккур дод, ки тибқи фармони мазкур маъракаи интихоботи вакилон санаи 1 марти соли 2020 баргузор мегардад.

         Ба  ин муносибат санаи 13 феврали соли ҷорӣ дар маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷиҳати омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ вохӯрии гуруҳи васеи ҷавонон бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ доир гардид.

         Нахуст, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатаи Кӯлоб №37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтов У. суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷузъи инкорнашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раванди давлатдории демократӣ ба шумор мераванд. Муҳим он аст, ки фарҳанги сиёсии омма дар қолаби арзишҳои миллю демократӣ рушд намояд.

         Мардум бояд ҳадафҳои ҳаётиву шаҳрвандии худро бо ҳадафҳои оинномавии ҳизбҳои сиёсӣ муқоиса ва мувофиқа карда тавонанд. Дар ин сурат иштироки фаъол ва оқилона дар интихобот таъмин хоҳад гашт.

         Ҳамчунин номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ суханронӣ намуда, ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои давлату ҳукуматро дар барномаи пешазинтихоботии ҳизбии худро тарғибу ташвиқ намуданд.

         Дуруст аст, ки мақсади асосии ҳизбҳои сиёсӣ беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум ва ҳаёти осудаҳолонаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ин мақсадҳо дар барномаи пешазинтихоботии ҳар як ҳизб ба таври муфассал зикр  гардид.

                                                                                   Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code