Ташаббуси Кӯлоб-тақвияти намоишҳои театрӣ

Тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб №28 аз 21.01.2020 дар бораи ҷалб намудани аҳолӣ ба тамошои намоишҳои театрӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, тарғиби ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ дар қалби наврасону ҷавонон, ташвиқ сохтани ғояҳои дунявӣ, фарҳанги таърихии халқи тоҷик, боло бардоштани шуҳрати театри тоҷик санаи 22 январи соли 2020 дар театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи «Фиғон» аз рӯйи асари Файзи Ашур дар таҳияи ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мирзомуддин Раҳимов, ки аз зиндагии як ҷавони раҳгумзадаи нашъаманд қисса мекард, баргузор карда шуд.

Намоиши театрӣ кули ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ, пешгирӣ аз нашъамандӣ, тарзи ҳаёти солим, оқибати даст задан ба амалҳои номатлуб чун дарси ибрат равшанӣ меандохт.

Дар ин намоиш Раиси шахри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, ҷавонон ва фаъолон иштирок доштанд.

Тамошобинон ба намоиши театрикунонидашуда баҳои баланд дода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки  чунин намоишҳои тарбиявию ахлоқиро миёни ҷомеа мунтазам вусъат бахшида, ҳисси фарҳангсолориву меҳанпарастии мардумро боз ҳам баланд бардоранд.

                      Шокирҷони Карим-мудири бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code