Ҷаласаи Шӯрои занони шаҳри Кӯлоб

Санаи 22 январи соли 2020 ҷаласаи  кории  Шӯрои занони шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзоён ва раисони шурои занони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб , Донишкадаи технологи ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои  шаҳр баргузор гардид. Дар кори ҷаласа нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо Авғоновна оид ба  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати давлатӣ дар самти занон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, дар ҷашну маросимҳо риоя карда, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.

Сипас ҳисоботи мудири шуъбаи кор бо занон  ва оилаи мақомоти  иҷрояи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Кӯлоб  оид  ба  фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Кӯлоб дар соли 2019 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар анҷоми ҷаласа қарори Шӯрои занон қабул гардид. Ҳамзамон дар кори Шуро ҳисоботи раиси шурои занони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва намояндаи  Башхи сабти асноди ҳолати шарвандии шаҳри Кӯлоб мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар охир занони фаъол ва  соҳибкорзанони фаъол ба сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи занон ва оилаи МИҲД шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code