Таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 19 январи соли 2020 дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯоб бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳр Каримзода Саломуддин, муовинони Раиси шаҳр пувпувв, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр ва намояндагони ташкилоту муасиса ва корхонаҳои шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳо, тухмии зироатҳо, гулу гулбуттаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раёсати кишоварзии шаҳр, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ, коллеҷҳои тиббию омузгорӣ, муассисаҳхои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тандурустӣ, ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, корхонаҳои саноатӣ, ҳунармандони шаҳри Кӯлоб  маҳсулотҳои гуногун, аз ҷумла гулҳои гуногун, маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, чакан, гулдӯзӣ, табақ, сабад, асбобҳои миллии мусиқӣ, консерваҳои меваю сабзавот, маҳсулотҳои ширӣ, орду равған, асал, меваҳои гуногунро  дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузоштанд.

Намояндагон аз намоиши омода намудаи ҷашни Сада дидан намуда, сипас муовини якуми Раиси шаҳр Каримзода Саломуддин мардумӣ Кӯлобшаҳро ба ҷашни Сада ва омодагӣ ба фасли  баҳору ҷашни Наврӯз  табрик намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори  сулҳу   ваҳдати   миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёмашон,  рӯзи 26 декабри   соли 2018  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баён доштанд, ки “Аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои  интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад”.

Дар ҳақиқат  солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи боғу токпарварӣ, афзоиши истеҳсоли меваю ангур, мустаҳкам намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маҳсулоти ин соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ба афзоиш додани боғу токзор ва дарахтони ороишӣ дар ин мавсими мусоид ҳар як фард дар доираи имконият саҳми худро дошта бошад.

Ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қурбонов А. аз номи Раиси вилояти Хатлон сокинони шаҳри Кӯлобро ба ин ҷашни миллӣ табрик намуда, барои истиқболи самимӣ аз ҷашни Сада изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷашн бо барномаи рангини консертии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ҳусни хотима бахшида шуд.

Аз намоиш-фурӯш сокинони шаҳру деҳот аз ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи пайвандӣ, аз қабили себ, нок, зардолу, шафтолу, сиёҳолу ва ғайра бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

                                                                                                             Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code