Қадршиносии дастаҳои футболбози шаҳри Кӯлоб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯоб дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб санаи 18-уми январи соли равон маросими ҷоизасупории ғолибони чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Кӯоб оид ба футбол дар соли 2019-ро, дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор намуд.

Дар оғози чорабинӣ  Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Баҳром Иноятзода суханронӣ намуда, ғолибони чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболро табрику таҳният намуданд.

Дар соли 2019 собиқадорони дастаи Равшан нуфузу манзалати футболи шаҳри Кӯлобро дубора баланд бардошта, мавқеи худро дар сатҳи кишвар байни собиқадорон муайян намуданд.

Маҳз, дар соли сипаригардида собиқадорони дастаи Равшан низ тавонистанд дар Чемпионати Тоҷикистон байни 10 дастаи собиқадори ҷумҳурӣ сазовори зиннаи дуюм гарданд.

Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон эътироф гардидани беҳтарин мураббии сол байни собиқадорон Шоҳин Салимов ифтихори мардуми Кӯлоб мебошад.

Дастаи Собиқадорони шаҳри Кӯлоб бо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Бори нахуст дар таърихи футболи шаҳри Кӯлоб ду дастаи футболи бонувон аз шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаи байни то 15 сола ва то 17 сола ширкат намуда, таҷрибаи бузургро дар ин самт касб карданд, ки бо бардоштани малака ва маҳорати хуби футболбозӣ дар оянда ба натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд расид.

Дар ин лаҳзаҳои хеле пурифтихор нахуст се нафар: Исоқова Оишамоҳ, Наимова Маҳина ва Ҳазратова Гулфайрӯз  аз футболбозони дастаи бонувони шаҳри Кӯлоб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва  туҳфахои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2019 як қатор ташкилоту муассисаҳо барои рушду пешрафт ва  омавияти футбол дар баргузории чорабиниҳои варзишии футбол миёни наврасону ҷавонон саҳми бориз гузоштанд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни сарпарастони мусобиқаҳо ва қадршиносӣ намудан аз ғамхориҳои онҳо Директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Комилзода Алӣ Фозил, Роҳбари Ширкати саҳомии Барқи Тоҷик дар шаҳри Кӯлоб Комилзода Ҷалолиддин ва Роҳбари «Ширкати Формула 55» дар шаҳри Кӯлоб  Эмомов  Хурсанд бо ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб  ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Шоғиёсов Ҷаъфаршоҳ мураббии  дастаи Равшани шаҳри Кӯлоб, дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб  ба гирифтани унвони мураббии сол дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон  эътироф шуд ва номбурда аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва туҳфаи пурарзиш қадрдонӣ карда шуд.

Боиси хурсандию шодмонии тамоми мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб аст, ки дастпарварони мактаби варзишии шаҳр ва минтақаи  Кӯлоб таҳти роҳбарии мураббии пуртаҷриба Шоҳғиёсов Ҷаваршоҳ дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои 17-сола сазовори зиннаи аввал гардиданд, ки ин муваффақияти тамоми мардуми шаҳри Кӯлоб аст.

Ба  варзишгарони футболи 17-сола аз ҷониби Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Федератсияи футболи вилояти Хатлон Иноятзода Бахром ва намояндагии федератсияи футболи вилояти Хатлон  ҷоиза, медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Баъдан чорабинии фарҳангӣ баҳри болидагии хотири варзишгпарони шаҳри Кӯлоб бо иштироки сарояндагони шинохтаи шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.

                                                                                                     Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code