Паёми шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Баҳром Иноятзода бахшида ба Соли нави 2020

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Мо бо соли 2019-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегўем ва соли нави 2020-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Кӯлобшаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фарорасии соли нави мелодии 2020 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рўзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.

Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2019 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд. Ин пеш аз ҳама ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, нақши муассир гузошт.

Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб дар соли сипаригардидаистода меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода содиқона талош варзиданд. Бахусус амалишавии нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёд ва азнавсозии беш аз 800 иншоотро дар пай дорад, Кӯлоби бостониро боз ҳам мунаввару ободу хуррам мегардонад. Бо дастгирии Роҳбарияти олии кишвар мумфарш гардидани даҳҳо километр роҳҳои шаҳр, оғози фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, боғу гулгаштҳои зебову замонавӣ, беморхонаҳои ҷавобгӯ ба сатҳи стандартҳои байналмиллаӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим аз мо тақозо менамояд, ки дар соли 2020 камари ҳиммати созандагиро дар ин самт устувортар бандем. Ин ҳама созандагиву бунёдкорӣ пеш аз ҳама барои мардуми азизамон шароити арзандаи зиндагиро муҳайё хоҳад намуд.

Дар соли сипаришудаистода азнавзони ва бунёди 4 боғу гулаштҳои зебо ва азнавсозии бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоӣ мардуми шаҳри Кӯлобро болида сохт.

Итминони комил дорам, ки дар соли 2020 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, баҳри боз ҳам шукуфонтар гардидани Ватани азизамон бахшида ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳем дод.

Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2020-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба нерўи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва нерўи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастоварҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем.

Бигзор, Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.

Соли нави мелодӣ муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code