ДАР КӮЛОБ ТО СОЛИ 2021 БЕШ АЗ 850 ИНШООТ БУНЁД ВА НАВСОЗӢ ХОҲАД ШУД

Нимаи якуми имрӯз, 18 декабр, дар толори қароргоҳи раиси вилоят дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо иштироки фаъолони вилоят баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки Сарвазири мамлакат роҳбарии умумии корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад. Сафарҳои кории Сарвазири мамлакат ба минтақаи Кӯлоби вилоят, бахусус шаҳри Кӯлоб, далели таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии мамлакат ба рушди ин шаҳр мебошад.

Қоҳир Расулзода ёдовар гардид, ки 12 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб чаҳор боғу гулгашт, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр сохта шудаанд, ба истифода доданд. Илова бар ин 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи паррандапарвариро бо муҳайё сохтани 500 ҷойи кории нав ифтитоҳ намуда, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшиданд.

– Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб сокинони зиёде бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд, – зикр намуд Сарвазири мамлакат. – Ҳамаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодии ҷомеа равона гардидааст.

Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода зимни ҳисоботаш қайд кард, ки ба ифтихори истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то соли 2021 дар шаҳр бунёду азнавсозии 851 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин миён 430 иншооташ хусусияти иҷтимоӣ дорад, аз ҷумла 13 муассисаи томактабӣ, 33 муассисаи таълимӣ, 7 китобхона, 3 беморхона ва 14 бунгоҳи тиббӣ, 21 корхонаи истеҳсолӣ, 14 коргоҳи ҳунарӣ.

Дар соли 2018 ва 11 моҳи соли ҷорӣ дар Кӯлоб 342 иншооти банақшагирифташуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. То имрӯз бо ҷалби соҳибкорон дар Кӯлоб 4,5 км роҳ мумфарш ва 5 км роҳ сангфарш карда шудааст. Бо ҷалби сармоягузорон бошад, дар соли 2019 беш аз 30 км роҳ сангфарш ва 18 км роҳҳои дохилишаҳрӣ мумфарш гардидааст.

Тибқи иттилои Б. Иноятзода, лоиҳаи Барномаи давлатии рушди шаҳри Кӯлоб таҳия шуда, феълан мавриди омӯзишу баррасии вазорату кумитаҳои дахлдор қарор дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дастур дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, бунёди мактаб, бунгоҳи тиббӣ, кашидани хатти барқ ба 30 маҳаллаи навбунёди шаҳр, ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани дӯти либосҳои мактабӣ дар шаҳр, таъмини шароит барои бунёди корхонаҳои парандапарварӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дастгирии бонувони соҳибкор, таъсиси гармхонаҳои замонавии парвариши гулҳо, ҷалби сайёҳони ватанию хориҷӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаи бообтаъминкунии аҳолии шаҳри Кӯлоб бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мувофиқа ҳосил шудааст. Оғози амалисозии ин тарҳ моҳи марти соли 2020 пешбинӣ шуда, барои татбиқи он 170 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Раиси вилоят Сарвазири мамлакатро итминон дод, ки кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлоб ҷонибдори сиёсати ободгаронаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ободкориҳои то ин вақт анҷомёфтаро ҳифз менамоянд ва барои рушди ин шаҳри таърихӣ дар оянда низ дучанд заҳмат кашида, дар пешрафти он саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code