ШИНОСОӢ ВА БОЗДИДИ САРВАЗИР АЗ ИНШООТҲОИ НАВБУНЁД ВА СОХТАШАВАНДА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Баъди нисфирӯзии 17 декабр Сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи Кӯлоб меҳмононро раиси шаҳр ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешвоз гирифтанд.

Нахуст, Сарвазир ва ҳамроҳонаш аз корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ, воқеъ дар маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии дуқабата дорои 14 синфхона буда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 240 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бино аз тарафи ҶДДМ «Тарроҳ» дар масоҳати 0,70 гектар замин бунёд мегардад.

Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилоят инчунин аз рафти корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» шиносоӣ карданд. Маълумот дода шуд, ки бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, 43 ҳуҷра хоҳад дошт, ки аз ин шумора 28 синфхона, 2 китобхона, 2 озмоишгоҳ, толори маҷлисгоҳ, 2 анбор ва дигар ҳуҷраҳои марказонидашуда бо харҷи 8,7 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар оянда дар бинои навсохт 500 донишҷӯ дар ду баст таҳсил хоҳанд кард.
Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои 9-ошёнаи хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» барои 700 ҷой аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳ олӣ бунёд шуда истодааст, инчунин аз рафти корҳои сохтмонии маркази хизматрасонии 5-ошёна дар хиёбони И. Сомонӣ, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, маркази хизматрасонӣ дар маҳаллаи Дӯстӣ бо таъсиси 30 ҷойи корӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Аз рӯйи барномаи корӣ боз дар хиёбони И. Сомонии шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонии бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонии 5-ошёна, ки дар он зиёда аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, дидан карданд. Дар ин марказ фаъолиятҳои хизматрасонии бонкӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва таҷҳизоти электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, ки навтаъсис аст, бо лоиҳаи сохтмони шаҳраки навбунёд барои 5 ҳазор истиқоматкунанда шинос шуданд. Тибқи лоиҳа дар ин шаҳрак 292 хонаи истиқоматии якошёна, 42 хонаи истиқоматии дуошёна, биноҳои ҷамъиятӣ ва хизматрасонии маишӣ, бинои Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ”, қасри фарҳанг, муассисаи томактабӣ ва миёнаи умумӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдо, гулгашт барои фароғати мардуми маҳалла дар масоҳати 3,9 гектар пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ”, тибқи маълумоти раиси ҷамоат 4,5 ҳазор нафар эҳтиёҷманди хонаҳои истиқоматӣ мебошанд. Бо сохтмони ин шаҳрак масъалаи норасоии манзил ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Сарвазири мамлакат ҷиҳати бо нархҳои дастрас ба эҳтиёҷмандон пешкаш намудани манзилҳо ва ба талаботи шаҳрсозии муосир ҷавобгӯ буданро ба масъулон дастур дод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code