Суруди миллӣ – баёнгари муқаддасоти халқу миллат!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи хеш ду маротиб Суруди миллиашро таҳия ва тасдиқ кардааст. Маротиби аввал соли 1946 зери унвони «Гимни Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон» ва маротиби дуввум – соли 1994, дар замони соҳибистиқлолии хеш, дар матни нав ва бо оҳанги аввала, ки “Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон гирифта.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дўстии пойдори халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эхтиром доштан, воло донистани мақому манзалати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Баҳри қадрдонии ин муқаддасоти миллиамон маорифчиёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иқдом гирифтанд, то дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар субҳгоҳон толибилмон ва ҳама кормандон рўзи дарсиро бо хониши «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оѓоз намоянд. Ба андешаи мо, икдоми мазкур иқдоми бениҳоят рўзмарра ва нек аст, ки дар вуҷуди ҳар як нафар соҳибватан ҳисси меҳру муҳаббат ба ватанамонро боз ҳам зиёдтару қавитар месозад. Иқдоми мазкурро маорифчиёни минтақаи Кӯлоб дастгири намуда, ҳар пагоҳирӯзи бо хондани Суруди миллии Ҷумхурии Тоҷикистон хонандагон рузи дарсиро оғоз мебахшанд.
«Ватан» Чӣ гуна калимаи зебою дилнишин, пурмаънию гуворо. Ҳар шахс Ватани хешро азиз медонад. Аз ҷумла, камина ҳам. Ватан бароям мафҳуми муқаддас аст. Ва ин бузургиро мо – калонсолон – бояд ҳанўз аз хурдӣ дар қалби кўдакон ҷо бикунем, то ки онҳо бузургии ин муқаддасотро ҳамчун шири модар якумрӣ азизу мўътабар бидонанд!..
Ҳамон гуна, ки мо «Ватан», «Модар» гуфта, бузургии онҳоро муқаддасу мўътабар медонем, Рамзҳои муқаддасамонро низ ҳамон гуна арҷгузорӣ мекунем!..
Роҳат сафед, умрат дароз, зиндагиат пурбаракат бод, Тоҷикистони азиз!..

Ситорабону ОДИНАЕВА, Сармуҳарири рузномаи «Кулябская правда»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code