Таҷлили Рӯзи Президент – ифтихори миллат!

Пеш аз он, ки ба матлаб оғоз кунам, гуфтаниям, ки шахсияти Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ман дар зиндагӣ идеали худ кардаам. Ва ин мароми ман аст.

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки имрӯз дар тамоми расонаҳои дохиливу берунӣ ҳамчун шахсият ва Президенти ифтихорӣ зикр мегардад, ки ин барои миллати тоҷик боиси шарафу номус ва ифтихору сарфарозист.

Ба дурустӣ мо исбот карда метавонем, ки имрӯз ҳар фарди ватандӯст аз сиёсат ва санъати роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра мебарад ва алоҳида ашхоси тангбинро ҳасад мехӯрад. Мо ба гӯшаҳои диёр меравем ва ҳамнишин бо табақаҳои гуногуни ҷомеа мешавем. Ва бештар бо нафароне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кору фаъолият кардаанд, бо як эҳсоси хоса аз рафтору кирдори ин шахсияти дурандеш, шуҷоъ, далер ҳарф мезананд. Ва бо ашки чашм шукргузор аз онанд, ки Худованд барои миллати мо, сарзамин – Ватани аҷдодии тоҷикон дар давраи ҳассоси таърихӣ нафареро сари қудрат овард, ки бо шуҷоату матонати хеш тавонист, даҳшати шуълаи ҷангро хомӯш кунад. Дар ҳоле, ки дар он солҳо ба шуӯри нафаре намеғунҷид, ки мо – тоҷикон ба чунин Истиқлолияти сартосарӣ ва ваҳдату ягонагӣ ноил мегардем. Ин маънӣ дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо чунин маънӣ садо додааст: «Вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксарияти сокинони мамлакат дар ҳолати тарсу ҳарос буданд, ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд. Маҳз ба шарофати ин Иҷлосияи тақдирсоз дар кӯтоҳтарин муҳлат тавонистем сохти конститутсиониро барқарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем».

Ин гуфтаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони пуртазоди ҷанги шаҳвандӣ танҳо шахси далеру шуҷоъ метавонист мансаби пурмасъули давлатиро ба душ гирад. Вақте аз наворҳо ва гузоришҳои расонаҳо мебинем, дар баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни 197 вакилон танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди инсондӯстӣ ва раъиятпарварии худ, бо мақсади гирифтани пеши роҳи бародаркушӣ, фароҳам овардани фазои сулҳ дар кишвар ва аз байн бурдани бегонапарастӣ ягона нафаре шуд, ки бо ҷонфидоӣ зимоми роҳбариро бар души худ гирифт ва бо ҳама гуна хатарҳои даҳшатафкан рӯбарӯ гардида, бо матонату устуворӣ садди роҳи гурӯҳҳои ҷангҷӯй гашт, миллатро бо ҷамъи гурезагонаш ба ҳам овард.

То солҳои 1999-2000 сиёсати давлатии мо аз пайи таъмини оромии сартосарӣ ва аз байн бурдани ихтилофҳо буд. Ва аз соли 2000 инҷониб ба нашъунамо ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯй овардем. Ва давра ба давра то ба имрӯз ба ин гуна муваффақиятҳо ноил гардида истодаем.

Имрӯз дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатдорӣ заминаҳои рушд бараъло дида мешаванд ва 3 ҳадафҳои стратегии давлатамон дар марҳилаи пурра иҷрошавӣ қарор дошта, ҳадафи навбатии миллӣ -саноатикунонии босуръати кишвар боз ҳам бо дурандешии роҳбарияти олии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ки ин ҳам баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ташкил ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва рӯшди соҳаи саноат дар кишвар мебошад.

Алҳол, ташаббуси навбатии дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат – ин рушди деҳот мебошад, ки ҳамарӯза дар ҳар як гушаи кишвар корҳои ободонӣ вусъат ёфта истодаанд. Ҳамчунин, тавассути шабакаҳои телевизионӣ шоҳид гардида истодаем, ки дар шаҳру навоҳии ҷумҳурии азизамон мактабҳо бунёд гардида истодаанд, дар ҳар як минтақа беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, иншоотҳои ниёзи мардум ва дар маҷмӯъ корҳои ободкориву созандагии сартосарӣ бо як завқу шавқи баланди мардум рафта истодаанд.

Мо ифтихор дорем, ки имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар як фазои суботу оромӣ онро таҷлил менамоем!

Ба шумо Рӯзи Президентро муборакбод мегӯям, ҳамдиёрони азиз!..

Шокирҷони КАРИМ, мудири бахши бойгонӣ-матбуотии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code