Паёми шодбошии и.в Раиси шаҳри Кӯлоб муҳатарам Баҳром Иноятзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16.11.2019, маҷлисгоҳи Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб)

        Меҳмонони гиромӣ!

        Ҳозирини арҷманд!

Нахуст, ҳаммаи Шумо ва дар шахсияти ҳар яки Шумо тамоми мардуми сарбаланди Кӯлобшаҳри бостониро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда,  ба хонадони ҳар кадоми Шумо хушбахтиву осудагӣ, ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ  барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Бешак, Пешвои муаззами миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлат-дории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Маҳз ин марди худодод тавонист  табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург аст.

Истиқболи ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълони Даҳсолаи навбатии “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва шуруи муваффақонаи он бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон тавассути тадбирҳои умумиинсонии хеш дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хосаи хешро пайдо намудааст. Дар баробари ин, яке аз аввалин ташаббускорони ташкили конфронси байналмилалӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм эътироф гардидани Пешвои миллат ва шарҳу тафсири ин муаммои аср ва ҷустуҷӯи роҳҳои мубориза бо он Тоҷикистонро ба унвони кишвари мизбони чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар амри ҳаллу фасли муаммоҳои умумиҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таҷлили  Рӯзи Президент ин ҷашни қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба ҳиссагузориҳои арзанда ва хидматҳои шоиставу бузурги Пешвои муаззами миллатамон буда,  қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» зарурати таърихие  буд, ки  амалӣ  гардид, зеро аз нигоҳи  талаби  вақт, тақозои замон ва ҳақиқати ҳаёт  татбиқи он амри зарурӣ ва айни муддао буд. Дар марҳилаи таҳия ва муҳокимаи  лоиҳаи ин санади қонунӣ низ ҳамовозии сартосарии қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа, афкори созандаеро  ташаккул дод, ки баёнгари ҷонибдории густурда аз ин иқдоми мантиқӣ, ҳадафманд ва саривақтӣ ба шумор мерафт.

Дар ҳамин зимн, қобили эътирофи барҳақ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона ва оянданигарона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба маҷро даровард ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду тантанаи ваҳдати сартосариро таъмин намуд.

Шинохти тоҷикон ҳамчун миллати ваҳдатпарвар  ва ситоиш аз таҷрибаи сулҳофарии мо аз ҷониби  доираҳои муътамади  байналмилалӣ  маҳсули  хираду  талоши қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор мераванд.

Дӯстони азиз!

Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷанбаи амиқу пурвусъати ватанхоҳию ватанпарастӣ дошта, аз таҳлили пурраи раванди рушди миллӣ ва мушаххас намудани самтҳои стратегии дурнамои пешрафту тараққиёти  давлати соҳибихтиёрамон иборат аст.

Дар маҷмӯъ, метавон далелмандона ва асосноку бобунёд хулоса намуд, ки ҳама азму талош ва кӯшишу ҳиссагузории беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ,  эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳбудии сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон  ба навъи худ шоҳкории азими  қаҳрамонона  буда, арзиш, мақому моҳияти барҷаста ва абадии таърихӣ дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бори дигар, мардуми шарафманди шаҳри бостонии Кӯлобро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.

Соҳибистиқлолу соҳибдавлатем,

Пайравони Пешвои миллатем!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак дӯстони азиз!

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code