Курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардадани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳиссоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан- сарвар»

Санаи 11 ноябри соли 2019 дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод, Ректори Донишкадаи идракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода А.Д., Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, професссор Муртазозода Ҷ.С., роҳбари намояндагии Бунёди Ҳанс Зайдел дар Осиёи Марказӣ Макс Георг Маер, роҳбари намояндагии Бунёди Ҳанс Зайдел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Беҳзод Икромов курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардадани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳиссоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан- сарвар» баргузор гардид.


Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод ҳузури меҳмононро ба Кӯлоби бостонӣ хайрамақдам гуфта, сухани ифтитоҳиро ба Ректори Донишкадаи идракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода А.Д. доданд.
Ҳамчунин Ректори Донишкадаи идракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода А.Д қайд намуд, ки курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардадани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, таҳти унвони «Зан-сарвар» дар доираи ҳамкории лоиҳаи Бунёди Ҳанс Зайдел гузаронида мешавад.
Ҳамчунин қайд дошанд, ки ин курсҳо баҳри занони дар мақомотҳои давлатӣ кор ва фаъолиятдошта ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати дар оянда фаъолият дар зинаҳои роҳбарӣ, ба занон имконият медиҳад
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дар баромадҳояшон қайд менамоянд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон, ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа, эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад».
Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офаридаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем».
Курси мазкур аз 3 давр иборат буда, бонувони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар курси мазкур ҷалб гардида, профессорони варзидаи ҷумҳурӣ ва дигар донишмандон ба онҳо дарс меомӯзонанд.

Мутахассиси пешбари бахши матбуотӣ
Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code