Ҳар ҳафта аз тарафи раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.
Санаи 6 апрели соли 2019 қабули шаҳрвадон аз тарафи раиси шаҳр доир карда шуд.
Раиси шаҳр шаҳрвандоро бо як руҳияи болида қабул намуда, аз аҳволи онҳо хабардор шуда, масъалаҳои онҳоро дид баромад.
Дар қабули мазкур зиёда аз 15 нафар шаҳрвандон бо дархосту муроҷиатҳои худ, оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ, вобата намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сохтмони иншоотҳои ба анҷомрасида қабул карда шуда, дархосту муроҷиатҳои онҳо баррасӣ карда шуд.
Бахши матбуотӣ