Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 30-юми октябри соли 2018 амалишавии лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ бо иштироки мушовирони дохиливу хориҷии лоиҳа доир гардид.
Муовини раиси шаҳр Исмоилзода С ҳозиринро бо оғози лоиҳа табрик гуфта, ба Бонки аврупоии рушд ки барои амалишавии лоиҳа 3 мл Евро кумаки бебозгашт намудааст, изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар баромадҳои худ баромадкунандагон зикр намуданд, ки лоиҳа аз моҳи октябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2021 идома меёбад ва зимни амалишавии лоиҳа дар навбати аввал таҷдиди корхона,бозомӯзии кормандон, бунёди шароити созгор барои кормандон дар дохили корхона, бо либосҳои корӣ таъмин намудани кормандон, харидорӣ намудани партовгоҳҳо ва техникаҳои партовкашонӣ дар дар назар дошта шуда аст. Шартномабандӣ бо мизоҷон ва муҳосибот бо усулҳои ҷадиди мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ба роҳ монда мешавад.
Бахши бойгонӣ- матбуотӣ