Бо ташаббуси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ташкилоти байналмилалии Save The Children international дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ, Ҷануб ва Осиёи Марказӣ» санаи 25 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи «Махсус-2016» семинар бо иштироки Хадамоти муҳоҷирати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, раёсати маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ доир гардид.
Лоиҳаи мазкур дар 11 деҳаҳои шаҳри Леваканд ва 10- маҳаллаи шаҳри Кӯоб амалӣ гардида истодааст.
Мақсад аз лоиҳаи мазкур таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони падару модаронашон дар муҳоҷират қарордошта мебошад.
Бахши бойгонӣ- матбуотӣ