Рӯзи 27.03.2018 ҷиҳати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» семинарии омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳр, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахшҳои ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, САҲШ, ҷамоатҳои деҳот, ШВКД ва занони фаъоли маҳаллаҳои шаҳр багузор гарид.
Бояд қайд намуд, ки дар кори семинар мавзӯъҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, сабабҳо ва намудҳои зӯроварӣ, усулҳои хизматрасонии байнисоҳавӣ матраҳ гардида, инчунин пурсишнома аз тарафи тренерон ба иштирокчиён дода шуд, ки мақсади саволнома ин фикру ақидаҳои иштирокчиён оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила мешбошад.
Дилором Файзова