Санаи 16  ва 17-уми ноябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишкадаи технологи ва менечменти иноватсиони семинар -омӯзиши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои “Стратегияи муқовимат бо экстрeмизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.
Дар семинар -омӯзиш мудири бахши таҳсилоти диннии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Юсуфзода Файзигул, сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мулоалӣ Ализода, сармутахассиси ҳамин кумита Қиёмиддин Насриддинзода, сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар семинар доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дода шуд.
Мудири бахши таҳсилоти диннии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Юсуфзода Файзигул баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP