Дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо волии вилояти Газиантеп Давут Гюл сурат гирифт.
 32
Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, қайд гардид, ки ин ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол аз сол вусъат меёбанд.
 
Волии вилояти Газиантеп ҷаноби Давут Гюл ҳайати вилояти Хатлонро хайрамақдам гуфта, доир ба зарфиятҳои ин минтақаи ҷанубии Туркия маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки асоси иқтисодиёти Газиантепро истеҳсолоти саноатӣ ташкил медиҳад. Газиантеп бузургтарин истеҳсолкунандаи қолинҳои мошинсоз, писта, донаи наск, халтаҳои полипропиленӣ, орди гандум, макарон, масолеҳи бофандагӣ, матоъ, қаннодӣ, маводи гигиенӣ, чархҳои ресандагӣ мебошад.
 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки ташрифи ҳайати Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия ба дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда, инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия бахшида шудааст.
 
Дар мулоқот зикр шуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Туркия 35,5 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Туркия бо маблағи зиёда аз 32,1 миллион доллар маҳсулот содирот шуда, аз Ҷумҳурии Туркия ба маблағи 3,4 миллион доллар маҳсулот воридот шудааст.
 
Аз Ҷумҳурии Туркия асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, техникаи маишӣ, либосворӣ, пойафзол ворид гардида, аз вилояти Хатлон бошад ба Ҷумҳурии Туркия асосан нахи пахта, ришта ва чарм содирот карда шудааст.
 
Дар мулоқот вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳо дар самти рушди саноат, кишоварзӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP