МУРОҶИАТНОМАИ
Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб – раиси шаҳри Кӯлоб
Назарзода Бахтиёр Худоёр ба сокинони шаҳр
Сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб,
Барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарбаландист, ки бо шарофати сиёсати бунёдкоронаву халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, рӯз аз рӯз ободу зеботар гашта истодааст.
Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои падарона мо хурду бузурги шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар сиёсати Пешвои муаззами миллат ва давлату ҳукумат устувор будем, ҳастем ва оянда низ хоҳем монд.
Мо бо камоли масъулият фидокориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ва наҷоти давлату миллат ва заҳматҳои шабонарӯзиашонро баҳри ободии Ватан бараъло дарк намуда, бо тамоми ҳастӣ худро баҳри рушду шукӯфоии диёр ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ масъул меҳисобем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Ҳамчунон, ки воқиф ҳастед, рӯзҳои наздик ба шаҳри Кӯлоб ташрифи меҳмонони олиқадр дар назар аст. Дар хотир дорем, ки ҳамаи сафарҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб файзбор ҳастанд. Зеро ҳар як сокини шаҳр бо огоҳ шудан аз сафарҳои навбатии Роҳбари давлат дар вуҷуди худ як нерӯи фавқулодда ва масъулияти бузургеро баҳри анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ эҳсос менамояд.
Мо бояд ин нерӯи адонашаванда ва масъулияти бузурги ватансозиро аз ободнамоии бому дари хонаву ҳавлӣ, дохил ва атрофи кӯчаву маҳалла, деҳот, корхона, ташкилоту муассиса ва дар маҷмуъ ба таври мусбӣ дигаргун ва замонавӣ сохтани шаҳри азизамон сафарбар намоем. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии шаҳрро баланд бардошта, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳмгузор бошем. Ҳар як ваҷаб замини киштро самаранок истифода барем.
Мардуми бонагу номуси Кӯлоб Пешвои муаззами миллатро борҳо бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ва чеҳраҳои кушодаву пурмеҳр пешвоз гирифта буданд ва ин бор ҳам аз пештара дида бештар бо меҳру садоқати беандоза Пешвои маҳбубамонро истиқбол мегирем.
Дар ин росто, моҳи ноябри соли равон аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ин Иҷлосия, ки миёни мардум ҳамчун “Иҷлосияи тақдирсоз” ном бурда мешавад, воқеан ҳам дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши таърихӣ ва дигаргунии куллиро ба вуҷуд овард. Зеро то баргузории ин Иҷлосия алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ саросари кишварро сӯзонда миллати тоҷикро ба нестӣ бурда истода буд. Ҳазорон нафар қурбон ва беш аз як миллион нафар овораву саргардон дар мулки бегона муҳоҷири иҷборӣ шуда буданд. Агар пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта намешуд, яқин Тоҷикистон пора-пора ва ҳамчун кишвари мустақил аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мегашт. Дар Иҷлосияи 16-ум вакилон манфиатҳои қавмӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллиро як сӯ гузошта, андеша ва таклифу пешниҳодҳои созандаро дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот қабул карда, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ҳамчун як абармарди дунёи сиёсат собит карданд, ки дар марҳилаи муаяйни таърихӣ нақши шахсият дар ҳалли буҳронҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ чи қадар метавонад бузург бошад. Аз лаҳзаҳои аввали ба ин мансаби Олӣ интихоб шуданашон эълон карданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам!” ва дар роҳи расидан ба ин мақсад чи ҷонбозиҳое накарданд. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад ва ба он алоқаи ногусастанӣ дорад. Бинобар ин, 30-юмин солгардаш барои тамоми мардуми Тоҷикистон санаи муқаддас аст ва бояд дар сатҳи баланди ташкилӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таҷлил карда шавад. Албатта, ин санаи таърихиро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирифтан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошад.
Набояд фаромӯш созем, ки то ҳанӯз бадхоҳони миллату давлати мо баҳри ноором сохтани авзои сиёсиву амниятии кишвар талош намуда истодаанд. Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ кӯшиш намуда истодаанд ҷавонони моро ба доми худ кашида, ҳисси худшиносии миллиро аз вуҷудашон берун созанд. Аммо ҳодисаҳои охир дар марзи кишвар дубора исбот намуд, ки миллати бонангу номуси тоҷик дар сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат устувор ҳастанд. Мо сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб низ дар ин арсаи нанг садоқату шуҷоати фарзандони диловари худро дар ҳифзи марзи Ватан бо чашми сар дидем. Бо назардошти ин, чун аз 1-уми октябри соли равон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад, дар шароити мураккаб шудани авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва марзи давлатӣ даъвати имсолаи ҷавонон ҳамчун Даъвати ору номус қабул карда мешавад, ки рамзи асолату ватандӯстии ҳар як ҷавонмарди соҳибватан аст. Боварӣ дорем, ки ҷавонони далери шаҳри Кӯлоб баҳри ҳимояи марзи Ватан дар муҳлати муқарраршуда ба нуқтаи даъватии Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, исбот мекунанд, ки дар ҳақиқат шаҳри Кӯлоб макони шермардони ҷасур ва такягоҳи асосии мудофиавии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бо ин ниятҳои нек ба ҳар як сокини шарафманди шаҳри Кӯлоб муроҷиат менамоем, ки:
Биёед аз гузаштаи таърихӣ ибрат гирифта, баҳри рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол талоши бештар намоем,
Биёед баҳри тарбияи фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо ҳисси масъулияти баланди шаҳрвандӣ саҳми бештар гузорем,
Биёед ҳамчун пайравони воқеии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватанамонро аз ҳарвақта дида бештар дӯст дорем ва шабонарӯзӣ меҳнат карда, шаҳри Кӯлобро, ки маркази фарҳангу маънавиёти кӯҳанбунёди миллат ба ҳисоб меравад, боз ҳам ободу зеботар гардонем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP