Таърихнигорон дар бораи Кӯлоб ( бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Кӯлоб аз шахрхои нисбатан бузурги Точикистони имрузӣ,таърихи рангину кадима дорад. Дар замонхои пешин он чузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл , Хутталлон)ба хисоб мерафт. Хатлони таърихӣ кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панчу Вахш ва шоҳони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «Хутталоншоҳ» ё «Шерони Хутталон»-ро доштаанд.Ин кишвар дар таърих бо аспхои хушзоти бидави хуб, «аспхои хатлӣ» ва мардуми ҷангии худ машхури кишвархои Хуросону Мовароуннахр будааст.

Хатлон бо истихрочи тиллою намаки худ низ дар таърих шухрати беандоза дошт.Ногуфта намонад, ки яке аз намунахои аввалини шеъри дарии форсии точикӣ, ки то ба замони мо омада расидааст, махз ба номи Хатлон марбут аст. Табарӣ муаррихи машхур дар «Таърих-ар-русул вал-мулук»-и худ бори аввал зимни тавсифи ҳаводиси соли 108/726 ва сипас зимни овардани хаводиси санаи 119/737 он китъаро зикр намудааст. Дар соли 737 мелодӣ сарлашкару волии Хуросон Асад ибни Абдуллох ба Хуттал хучум оварда аз хокони турк-Курсугонун мадад мехохад. Ӯ ба ёрӣ пеш меояд. Асад аз ин хол бохабар шуда ба зудӣ аз назди Ҷабалу-л мулх (Кухи намак,ки имруз дар Кӯлоб бо номи Хоча муъмин маъруф аст) гузашта ба сохили дарёи Панҷ мерасад ва аз бисту се ҷои дарё ба гузаштан шуруъ мекунад. Ҳануз убур ба охир нарасида буд, ки туркону хатлониён аз дарё гузашта бори дигар лашкари Асадро мунхазим сохтанд. Асад бо холи табох ба Балх мурочиат мекунад. «Ана дар хамин ғазохо — навишта буд Табарӣ- мардум ба форсӣ ба у чунин гуфтанд:

Аз Хутталон омадия,

Ба рӯ табох омадия,

Обор боз омадия,

Хушку низор омадия

Дар асрхои IX-X мелодӣ дар замони сомониён Хатлон хеле пуркувват буда, ба давлати сомониён итоат намекард. Давлатхои хурди минтака ба амири сомонӣ соле як бор хадя мефиристодаанду халос. Дар даврони  Сомониён дар охири асри X Хатлон низ мисли давлатчахои дигари хамсояи худ дар тули асрхои минбаъда борхо дучори хамлаи аквоми туркнажод гардида, хар дафъа баъд аз харобихои зиёду катлу горати мардум Хатлониён боз ба ободонии кишвари худ мепардохтанд. Ҳучумхои карахонихо, карахитоихо, лащкари Султон Махмуди Ғазнави, салчукиён ва туркхои махалли аз хамин кабилаанд.

Аз хучумхои мазкур ду чанг боиси харобии нихоят сахти Хатлон гардидаанд. Яке аз онхо бо номи шоҳзодаи қарахонӣ-Буритегин ва дигар бо номи Алпарслони салҷуқӣ марбут мебошад. Тибки маълумоти овардаи сохиби»Таърихи Байҳақӣ» Буритегини мазкур, ки номаш Иброхим ибни Наср буд, дар санаи 1038-39 бо кумичиёну туркони ганчина, ки дар дарахои Шумону Вашгирд байни Чагониёну Хутталон мезистанд, ба Вахшу Хутталон хучум бурда , онхоро то наздикихои Хулбук- пойтахти Хутталон ғорат карданд. Амири ғазнавӣ Масъуд баъди шунидани ин хабар чунин гуфта буд: «Буритегин баъдтар аст аз туркманон , ки фурсате чуст ва дартохту бештар аз Хутталон ғорат кард. Ва агар мо пасттар (дертар) расидемӣ, вай он навоҳӣ ғорат кардӣ» Ҳамин тавр , ба соли 1038-39 қисми бештари Хатлон дучори ғорат ва харобӣ гардид.

Чи тавре ки маъхазхои таърихӣ дарак медихад,Хатлон баъд аз муддати кутоҳе вазъи худро ба эътидол оварда дар замони салчуқиён сар аз итоат боз зад. Муаррихи бузурги араб Ибн -ал-Асир вокеаи чанги байни Хатлониёну Алпарслони салчукиро зимни баёни ҳаводиси соди 456/1063-64 чунин ба қалам додааст. «Баъд аз марги Тоғрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хутталон дар қалъаи худ осӣ гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги у шитофт.Чун ба Хутталон расид , дид, ки калъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст.Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба ҷанг пардохт.Ӯ аз асп пиёда шуда ба кӯх баландӣ(баромадан гирифт).Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавкеи Хутталиён наздик шуданд ва ба ҳучумхои пай дар пай пардохтанд.Сохиби калъа(яъне шохи Хутталон)дар замон дар болои калъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба чанг тахриз мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт. Сипас Алпарслон калъаро фатх кард ва Хутталон ба хайати кишвархои ӯ даромад». Гуфтан мумкин аст, ки бо ин чанги дар санаи 456/1063-64 рух дода, бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд.Баъд аз таърихи мазкур номи марказиХатлон шахри Хулбукро дигар дар маохизи таърихӣ дучор намеоем.Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз калъаи Кӯлоб дар наздикиҳои Ҷайхун ёд кардаанд, ки ба гумони ғолиб он дар ҷои шахри Кӯлоби имруза вокеъ буд.Чунин ба назар мерасад, ки баъди дар санаи 1038-39 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганчина хароб карда шудани шахрхою дехоти Хатлон табдил ёфт.Баъди инхидому хароб сохтани қалъа хаёт дар он мавзеъ ба куллӣ катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло кайд кардем, дар он ҷо бо мурури замон деха ва сипас шахре бо номи Кӯлоб дар асрхои 15-16  комат афрохт.Бо хамин , дигар то асри 16 оид ба шахри Кӯлоб дар сарчашмахои таърихӣ маълумоте дучор намегардад. Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис , ки ашъори зиёдеро аз девонхои Саъдӣ, Амир Хусрави Дехлавӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз бар медонист ва худ низ ба форсӣ шеър мегуфт, дар асари ба забони туркӣ навиштани—«Миръоту-л-мамолик»(ойинаи кишвархо) оиди Хатлону шахри Кӯлоб ва мавзеи тавозуди мазори хазрати Амири Кабир Сайид Алии Хамадонӣ маълумоти тозаи пурқиммат додааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дилӣ яке аз мавзеъхои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Хамадониро шогирдонаш дар асри 16 бори аввал махз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд, на дар шахри Кӯлоб ки шояд дар он замон ободу машхур набуд. Аз мавзеи Дилӣ як нафар амирзодаи мугул— Мирзо Хайдар дар асари худ «Таърихи Рашидӣ» хамчун яке аз мавзеъхои мухими Хатлон ёд кардааст. Мирзо Хайдари мазкур дар соли 912/ 1506-7 хангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз узбукхо гурехтанаш аввало дар Пушинг (дехаест маъруф то имруз бо хамин ном дар нохияи Дангараи вилояти хозираи Хатлон) истода, сипас аз он чо ба Дилии бозор меравад: «Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин аҳвол маълум гашт». Оиди шахри Кӯлоби охири асри 16 дакиктарину бехтарини маълумотхо дар асари Хофизи Таниши Бухорӣ дар  «Шарафномаи шоҳӣ» оварда шудаанд.Хофизи Таниш зимни тавсифи чангхои байни лашкари Абдуллохони узбек ва кулобиён дар соли 992/1584 оиди калъаи Кулоб маълумоти мухим меорад: «Ва калъаи Кӯлоб алхақ аз килои машхур ва ба хасонату устуворӣ, расонату пойдорӣ бар алсинаву афвох мавсуфу мазкур, гуйи аршест афрохта шуда .Ва хандаке амиқ  монандаи мухит гирди хисори сипехр пардохтаанд.

Магу қалъа, кӯхе, вале бошукух,

Дар у киначуё— палангони кӯх..

Чу садри Сикандар дараш устувор,

Чу хисни фалак мухкаму пойдор.

Ба ҳар рукни ӯ бурч афзун зи сад,

Чу айвони Кайвону бурчи Асад.

Зи пулод фаршу рахаш рехта,

Сурайё зи токаш даровехта.

Яке тарф хандак чу дарёи Нил,

Равон гирд дар гирди у мил-мил.

Ба болои бурҷу фасили ҳисор,

Мухайёву омода то сад хазор….

Аз порчаи мазкур ба хулосахои зерин омадан мумкин аст,ки

1)Шахри Кулоб дар мавзеи Ҳалвоӣ бисёр тез комат афрохтааст

2)Дар он калъаи устуворе сохтаанд:

3)Турбати поки Амири Кабир Сайид Алии Хамадониро аз мавзеи Дилӣ(Имомалӣ) дар худуди солхои 1584-1594 ба чивори шахри Кӯлоб— ба мавзеи имрузааш кучонидаанд.

Дар асрхои минбаъда номи Кӯлоб дар сарчашмахо бештар ба ҷои Хатлон зикр мегардад. Шахри Кӯлоб бошад дар тули асрхо обод мешуд. Дар ибтидои асри 20  дар шахри Кулоб 17 гузар(махалла) вучуд дошта будааст:Дарвозаи Тебалай, Каволо, Салехбой, Кукчанор, Мулло Низом, Бозорбой, Усто Юнус, Шахид ё Бобои Якум, Сангов, Бозор Алибой, Хочӣ Рачаббой, Сари бозор, Чармгари боло, Нонвои поён, Хисориён. Дар яке аз гузархои ёдшуда яктогӣ масчид вокеъ буд, вучуд дошт. Дар як ки Се дарвозаи матину доруби мухкаму расин дошт:Яке тарафи шимол мусаммо ба Дарвозаи Чорсу, дигари— тарафи ғарб мавсум ба Дарби Имом. Он яки дигар чониби чануб номида шуд ба Дараи Анчиракон.Ва тарфи машрики ӯ ба кӯх муттасил буд. Ва қалъаи надим, ки яке аз муиззони валинеъмат буд, бар он кӯх менамуд.Ва ду чониби он обканде бузургу чарии багоят сутург дошт, чунончи мунтахои калъа аз чанубу шимол рафта буд ва обе соф дар харду чараён менамуд.Ва бар тарафи ғарбии ӯ низ обканди амик ,ки об аз чануб ба шимол мерафт, зохир буд ва обхои шимолу ҷануби калъа низ бар у мерехт, то хар сеи об чамъ омада ба дарёи Кизилсу хамрох мешуд ва дар ҷониби машрик, ки ба кӯх муттасил буд, дарричае низ кушода буд». Чи тавре ки аз тавсифи Хофизи Таниш аён мегардад, шахри Кӯлоб ба сабаби устуворӣ чун калъаи Кулоб ёд шудааст.

Дар он тамоми унсурхои шахри асримиёнагии Мовароуннахру Хуросон мавчуд мебошад Аз тавсиф чунин бармеояд, ки шахри Кӯлоби асри XVI мудаввар буда се дарвозаю як дарича доштааст. Дарвозаҳои шахр ба суи минтақаю шахрчаҳои асосии атрофи Кӯлоб нигаронида шуда буданд. Масалан: дарвозаи Чорсу дар девори шимолии шахр вокеъ буд, зеро худи шахраки Чорсу— шахраки Муминободи имруза махз дар шимоли шахри Кӯлоб ва дар масофаи 30 км. дуртар аз он вокеъ буд.Инчунин мардуми нохияхои Ховалингу Балчувону Даханаи имруза низ аз хамин дарвоза дохили шахри Кӯлоб мегардидаанд. Дарвозаи Имом дар девори ғарбии шахри Кӯлоб вокеъ гашта , аз он мардуми Хатлон карияхои Дилӣ ва Имом (Алӣ), ки дар ғарби Кӯлоб вокеъанд, ба шахр ворид мегаштанд. Дар маколаи фавку зикри банда махз хамон дехаи Имомали, ки такрибан дар бист километри Кулоб дар гарби он вокеъ аст, мадфани аввали хазрати имом Алии Сони, яъне Сайид Алии Хамадони дониста шудааст. Дар дарвозаи Анҷиракон мардуми дехоту касабахои дар чануби Кӯлоб чой дошта ба шахри Кулоб ворид мешуданд.Дар байни онхо касабаи Анчиракон ,ки такрибан дар си километрии ҷануби Кулоб наздик ба дарёи Панч гашта , имруз низ бо хамин ном вучуд дорад, аз хамаи дехоти минтака бузургтару ободтар буд. Аз хамин рӯ дарвозаи девори кисми чанубии Кулоб хамчун дарвозаи анчиракон ёд мешавад. Даричае, ки дар девори шаркии шахр вокеъ гашта ба кӯх (теппа) муттасил буд, мухими дигар дошт.

Яъне он на барои даромаду баромад, балки барои дар холати изтиори истифода кардан аз он дарича- масалан дар вазъияти душвор ба воситаи он ба кӯх гурехтан ва ғайра, муқаррар шуда буд. Ба даруни шахр об ба воситаи тарнова (новачуби, дарунхолие, ки об аз тарики он чорӣ мегардид) мерафт. Ҳофизи Таниш оиди он чунин нигошта: «Ва бар тарнове , ки об аз он чо ба даруни шахр мебурданд, пиёдаи бисёр тиру камонхо ба банду тир хамоил сохта, хандагохи ситез бар миён хаста ва сипархои лаълӣ бар китф андохта, хучум дохтанд». Хамин тавр , дар соли 1584 шахру калъаи Кӯлоб билкул вайрон карда шуданд. Вале бо ин хаёт дар Кӯлоб на ин ки катъ нагардид, балки ба зудӣ ривочи тамом ёфт. Абдуллохон Кӯлобро ба яке аз хешовандони худ Узбаксултон дода фармуд, ки баъд аз вайрон кардани қалъаи Кӯлоб»дар мавзеи Ҳалвоӣ хисоре, ки панохи раоёву химояти бароёро созад, роияти иззат барафрозад». Харобахои қалъаи Кӯлоби соли 1584 имрӯз дар шахри Кӯлоб болотар аз зиндони Кӯлоб мавчуданд. Шахри нави Кулоби баъди соли 1584 дар гарби бозори имрӯзаи Кулоб дар мавзеи махаллаи Чармгари поён, ки дар он замон шояд бо номи Халвоӣ машхур буд, арзи вучуд намудааст. Амин Ахмади Рози, ки «Хафт иклим»-и худро ба таърихи санаи 1002/1594 таълиф кардааст, оиди Хатлон чунин калимоте сабт намуда: «Хатлон— ба вуфури фавокиху мева макоме боном аст. Ва иртифоташ нек ба амал меояд ва аспони хатлӣ байналҷумхур машхур аст ва мардумаш дар шуҷоату пайкор солиси Рустаму Исфандиёранд.

Бар яминаш мархабо зан офтоб,

Бар ясораш таррику гу осмон.

Ва мазори фоизу-л-анвори Амир Сайид Али Шихоббидини ал-Хамадонӣ дар чивори исми гузархои мазкур мадорис бо толибилмон мавчуд буд. Дар шахри Кӯлоби ибтидои асри xx хунармандӣ ривочи тамом дошт.Мардум тамоми маводу маснуоти заруриро худаш истехсол мекард, худаш месохт ва истеъмол мекард. Дар таърихи 15-уми марти соли 1921 куввахои мусаллаҳи Сурх дохили Кӯлоб гардиданд ва 17-уми июни соли 1922 дар Кӯлоб хукумати Шӯроӣ баркарор карда шуд.