Кӯлоб дар шумораи яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ қарор дошта, ҳамон тавре, ки ҳафриёти Бостоншиносӣ собит сохтанд, ҳанӯз дар асри неолит (8—7 ҳазор сол то м.) аҷдоди тоҷикон ин куҳандиёрро макони зисти худ ихтиёр карда буданд.  Тадқиқотҳои бостоншиносӣ аз он далолат менамоянд, ки 3500 сол пеш дар Кӯлоб мардумони кишоварз ва чорводор мезистанд. Ҳунармандӣ ривоҷу равнақ дошта, кулолон дар чархҳои кулолӣ зарфҳо месохтаанд.  

   Яке аз нишонаҳои шаҳр мавҷудияти ҳунармандии касбӣ аст. Хумдони зарфпазии дар наздикии мақбараи орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кашфгардида ба асрҳои 8-7 то м. тааллуқ дорад. Ҳамаи 2 ҳазор зарфпораи дар атрофи хумдон ёфташуда дар чархи кулолии тезгард бо сифати баланд сохта шуда, аз вуҷуд доштани ҳунармандии касбӣ ва савдо дарак медиҳанд.

   Осори таърихии 2700-солаи шаҳр дар қалъаи Чармгарон низ пайдо шуданд. Далоили бостоншиносӣ собит месозанд, ки дар асрҳои 3-1 то м. ва 1-6 м. шаҳри Кӯлоб масоҳати  300-400  га заминро фаро гирифта, маркази маъмурӣ ва мадании водӣ ҳисоб мешуд. Ба ақидаи бостоншиносон, аз асри 7 то м. то а. 13 м. Кӯлоб маркази минтақа буд. Кӯлоб шаҳри бостонӣ мебошад. Кӯлоб дар асрҳои 2-1-и то мелод ба ҳайати Тахористон , асрҳои 1-8 паси ҳам дар тасарруфи Кушониён, Ҳайтолиён ва ҳоқони турк буд. Асрҳои 10-12 шаҳр ба дараҷаи баланди тараққиёт расид,вале истилогарони муғул дар асри 13 Кӯлобро дар катори дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба харобазор табдил дода, вале ба тасарруф надароварданд. Ибтидои асри 14 шаҳр тобеи Давлати темуриён гардид.

   Соли 1552 баробари ташкил ёфтани хонигарии Бухоро Кӯлоб ба ҳайати он дохил шуд. Дар асри 17 ба музофоти Балх гузашт. Соли 1870 Амир Музаффар Кӯлобро ба Аморати Бухоро ҳамроҳ намуд ва он ба маркази бекигарии Кӯлоб табдил ёфт. Шаҳри Кулоб 15 марти соли 1921 дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Бухоро ташкил шудааст. Ҳамчун маркази маъмурии вилояти Кӯлоб аз 23 ноябри соли 1930 вуҷуд дошта, масоҳаташ 272,9 км мураббаъ мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб намояндагони 43 миллату халқиятҳо зиндагӣ мекарданд. Аз шаҳри Кӯлоб то пойтахти ҷумҳурӣ –шаҳри Душанбе 180  км роҳ мебошад.

     Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб  ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Зиракӣ, Даҳана ва Кӯлоб ҷойгиранд. Шаҳри Кӯлоб асосан дар паҳлуи чапи дарёи Ёхсу (Окс) ҷойгир аст. Релефи қисми ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбии шаҳр ҳамвор, шарқу шимол ва шарқӣ теппазор мебошад. Баландиҳои мутлақ дар ҳудуди шаҳр ба 500-800 метр мерасад. Шаҳри Кулоб дар баландии 580 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, масоҳати он 1,2 ҳазор км мураббаъро ташкил медиҳад. Кӯлоб бо ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Ш.Шоҳин ҳамҳудуд аст. Шаҳри Кулоб аз 27 октябри соли 1939 то 28 августи соли 1955 ва аз 29 декабри соли 1973 то 8 сентябри соли 1988 ва аз феврали соли 1990 то соли 1991 маркази вилояти Кӯлоб маҳсуб меёфт. Аҳолии шаҳри Кӯлоб дар соли 1926-ум 4, 2 ҳазор, соли 1939-ум 8, 4 ҳазор ва ба 01 январи соли 1990-ум 129, 5 ҳазор нафарро ташкил медод. Ба 01 январи соли 2018 аҳолии шаҳри Кӯлоб 207,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

   Кӯлоб яке аз шаҳрҳои саноатии  вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Корхонахои саноатии шаҳр маҳсулотҳои  ширӣ, нонӣ, гӯштӣ ва қаннодӣ истеҳсол мекунанд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб  саноати сабук рӯ ба тараққӣ ниҳода, 8 корхонаҳои пахтатозакунии хурду калон фаъолият дошта, ҳамчунин, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ, аз қабили истеҳсоли хишт, сангу шағал мавҷуд буда, маҳсулоти онҳо дар баробари таъмини эҳтиёҷоти шаҳр ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Дар шаҳр ташкилотҳои таъмирию баистифодадиҳии роҳҳо ва муассисаҳои нақлиётӣ мавҷуд мебошанд.

     Дар шаҳри Кӯлоб 70  муассисаи таьлимиву тарбиявӣ  амал мекунад, ки аз он 47-тояш муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат,    2 мактаб-интернат, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 фароғатгоҳи  “Шарора”, 10-муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла, муассисаҳои хусусии томактабии “Меҳрона”, “Миҷгона”)  мебошад. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб шумораи умумии муассисаҳои тиббӣ 101 ададро ташкил менамояд.    Ҳамзамон тибқи маълумотҳои Маркази назорати давлатии фармасевтӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 80 адад дорухонаҳо фаъолият менамоянд, ки дар онҳо пурра  мутахассисони сертификатдори дорои иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд.

    Дар шаҳр хиёбонҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, ба номи Сангак Сафаров, маҳаллаҳои Ш. Шоҳин, Борбад, Ҳ. Шерозӣ, маҳаллаи 13-ум ва 59 кӯчаҳо мавҷуд  мебошад. Инчунин, дар шаҳр ба хотираи  қаҳрамонони Ҷанги Гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ  муҷассамаҳои ёдгорӣ гузошта шудааст. Мардуми Кӯлоб дар ҳамаи давру замон парчамбардори ватану миллати ориёнажоди ин диёр буданд. Лашкаркашони машҳури ин сарзамин Катан ва Овсиён ба муқобили лашкари Искандари Мақдунӣ аз ҳама бештар ҷангида, онро борҳо шикаст додаанд. Кӯлобиён сипоҳи арабро се бор шикаст дода, истиқлолияти худро нигоҳ доштаанд. Онҳо бо дастаҳои турку муғул низ беамон ҷангидаанд. Кӯлоб як порчаи замини тоҷик буда, таърихи он қисми таркибии таърихи пуршарафи миллатро ташкил медиҳад.

   Кӯлоб яке аз шаҳрҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ дар сари Роҳи бузурги Абрешим мавқеи азими стратегиро молик аст. Роҳ ба сӯи Бадахшон ва Кулмаю Қароқурум маҳз аз Кӯлоб мегузарад. Шаҳр ба тавассути роҳҳои ҳавоӣ, оҳан ва мошингард бо калонтарин шаҳрҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мамолики ҷаҳон робитаи мунтазам дорад. Моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб» ба тавсиб расид. Қарори мазкур аз ҷониби ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт. Дар раванди омодасозии шаҳр ба ин санаи бошукуҳ дар ин диёр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Симои шаҳр тағийр ёфт. Он ба шаҳри боз ҳам ободи замонавӣ мубаддал гашт. Маҳз ба хотири ин санаи фархунда як силсила корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки ҷиҳати эҳёи диёри куҳанбунёд такони ҷиддӣ гардиданд.

  Маҷмааи «Силсилаи меъмории 2700-солагиии шаҳри Кӯлоб», бинои мӯҳташами «Хонаи ақди нигоҳ», китобхонаи боҳашамати замонавӣ, чойхонаҳои «Истаравшан», “Исфара”, шӯъбаҳои «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Ориёнбонк», дар маҷмӯъ беш аз 120 иншооти хурду бузург ҳусни шаҳрро ба куллӣ дигаргун карданд. Имрӯзҳо биноҳои маъмурии раёсати молияи шаҳру минтақа, раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру минтақаи Кӯлоб, нозироти андоз,меҳмонхонаи “Хатлон”, театри мӯсиқӣ-мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода, қасри фарҳанг ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳусни шаҳрро зебо гардонидаанд. Дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳри Кӯлоб тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд.

   Кӯлоб аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ яке аз шаҳрҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он 50 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Чунин пешравиҳо дар соҳаҳои дигар низ мушоҳида мешаванд. Хусусан, ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф дар шаҳр корҳои намоён ба анҷом расиданд. Имрӯз шаҳри Кӯлоб ба маркази ҳақиқии илму маърифат ва фарҳанг табдил ёфтааст. Дар шаҳр Донишгоҳи давлатӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, санъат, иқтисодӣ-техникӣ, чандин омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд. Дар давоми соҳибистиқлолӣ даҳҳо мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ сохта шуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.

    Дар шаҳр як Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ду Хона-музей амал мекунад. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  мақбараи орифи шинохта Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди таъмиру тармими замонавӣ қарор дода шуд, ки он имрӯзҳо ба зиёратгоҳи сайёҳон, олимону сиёсатмадорони мамолики Шарқ, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайра табдил ёфтааст. Шаҳр дорои муассисаҳои калони фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷумлаи онҳо Қасри фарҳанг, Театри ба номи С.Вализода, Боғи фарҳангию истироҳатӣ, боғи “Ғалаба”, Коллеҷи санъати ба номи К.Қурбонов, ансамбли «Фалак», мактабҳои махсуси рассомӣ, гурӯҳҳои рақсиву созиро метавон номбар кард.

   Диёри Кӯлоб аз қадиммулайём бо олимону донишмандон, шоирону нависандагони худ ифтихор мекард. Зодагони шаҳру навоҳии Кӯлоб дар ҷодаи илму маориф бо пажӯҳишҳои арзишманди хеш дар соҳаҳои риёзиёт, химия, забону адабиёт, фалсафа, таърих, назарияи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфу машҳур гардидаанд. Аз ҷумла, онҳо К.Бойматов, С. Табаров, М.Лутфуллоев, Ҳ.Сафиев, С. Наврӯзов, С.Одинаев, Т.Раҳмонов, М.Раҷабӣ, П.Зоиров, Х. Асоев, Б.Раҳимов, Ҷ.Сафаров, С. Каримов, Х. Ғафуров, А.Раҳмонов, Д. Шарифов, Т.Бобоев, Х. Аъзамов, Т.Шукурзод, М.Ибодов, И.Ғуломов, Р.Саидов, С.Сабзаев, А. Кӯчаровро метавон ном бурд. Фарҳангу санъати ин диёр бо номи Носеҳи Кӯлобӣ, Шамсиддин Шоҳин, Мизроби Кӯлобӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайнӣ Кангуртӣ, Абдурраҳмони Кӯлобӣ, Хотири Ховалингӣ, Маҳмадраҷаби Балҷувонӣ, Саидалӣ Вализода, Ғаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Абдулҳамид Самадов, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммади Аюбӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Саидҷон Ҳакимзода, Муҳаммад Ғоиб, санъаткорони мумтоз, амсоли Одина Ҳошимов, Давлатманд Холов, Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдурраззоқов, ромишгарон Хайрулло Абдуллоев, Абдуфаттоҳ Одинаев ва дигарон шӯҳратвар гаштааст.

    Мардуми шаҳри Кӯлоб хусусан бо фарзандони далеру содиқи худ, ки дар арсаи сиёсат ва идораи давлатии Тоҷикистон санъати волои сиёсатмадорӣ нишон додаанд, ифтихор менамояд. Ба ҷаҳониён хизматҳои шоёни Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  бараъло маълуманд, ки бо ҷасурӣ ва сиёсати оқилонаву дурандешӣ ҷумҳуриро аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати сулҳ ва ваҳдатӣ миллӣ табдил дод. Имрӯз Тоҷикистон ба шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти мамлакат дар ҷаҳон мавқеи хос пайдо кардааст.

Шахсиятҳои маъруфу машҳури ин диёр дар гузаштаи начандон дур ва алҳол низ минбари сиёсатро дар шаҳру навоҳии Кӯлоб ва миқёси ҷумҳурӣ ҳамеша ба нафъи миллат, беҳбудии ҳамватанон ва ободии сарзамин истифода мебурданд ва бурда истодаанд. Аз қабили М.Убайдуллоев, Т. Назаров, А.Миралиев, И.Ҳаёев, Ҳ. Мирзошоев, М.Бобоев, Н. Зарифова, А.Мирзоев, Ҳ.Табаров, Ҳ.Мирзоев, Ҳ.Абдуллоев, А. Зардиев, А. Раҳмонзода, ва дигарон.  Сиёсатмадорони шинохтае низ буданд, ки дар ташкилу пешрафти шаҳру навоҳии Кӯлоб ҳиссаи арзанда гузошта, аз худ номи нек ба ёдгор монданд. Ба монанди: Д.Гадоев, М. Вайсов, Қ.Бобохонов, Х.Раҷабов, Н.Абдулҳақов, И. Қурбонов, С. Назаров, Г. Шарифова, Х. Чолбобоев, Л. Қармишев. Мардуми шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат амал намуда, баҳри ободию пешрафти Тоҷикистони азиз, рушду нумув ва гулгулшукуфии  Кӯлоби бостонӣ   кушиш ба харҷ хоҳад дод.

Аз бойгонӣ (Маркази матбуотии шаҳри Кӯлоб)

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Ҳазрати Амирҷон)
порсӣمیر سید علی شهاب‌الدین همدانی Алӣ бинни Шаҳободдин
Навъи фаъолият: шоиролим
Санаи таваллуд: 12 октябр 1314
Зодгоҳ: ҲамадонЭрон
Мамлакат: ·         Эрон
Санаи марг: 1385
 Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Ҳазрати Амирҷон) дар Викианбор

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (порсӣ: میر سید علی شهاب‌الدین همدانی), Алӣ бинни Шаҳободдин (арабӣ: علی بن شهابادین‎) – яке азолимони бузурги фалсафаилоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва ҲиндуПокистон ба шумор меравад. Мундариҷа [Пинҳон кардан]

   Зиндагинома[вироиш] Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст.Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо хоса дар шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бе поёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадонӣ Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст.

  Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адаби, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи Раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ мешуморанд. На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист, Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд. Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақӣқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард.

   Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташон ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоёон, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ , бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд. Дар мусофират ӯ  Маккаю МадинаМиср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи МиёнаТуркия ва дигар мамолики дунёро на паи сарвату моли дунё , ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард , балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард.

  Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» барои асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин мудат ба қавли Саида Ашраф Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 милоди ба вилояти Хатлон ва Кӯлоби имрӯза ташриф овард. Воқеъан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ мисли Сайиди Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омад, ки ин қадар сафарҳо намуда ба хизмати авлиёхову дустони Худо камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд. Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо, ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид. Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар синну соли ҷавонӣ муяссар гардид.

    Шайх Муҳаммадхони Азкони яке аз олимону орифони шӯҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди у хизмати муридӣ ба ҷо оварда матавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист ки ба дарбори ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ хирқаро ба шогирди хеш тӯҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст. Он чи ки аз илму маърифат омухту ғун кард дар сахифоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онхоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст.

    Дар ин солҳо аз умри пурбаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд. Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд. Темурланг ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез,Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Темурлангро дар хусуси дар дарбори ӯ хизмат карданро низ рад намуд. Ин аст,ки соли 1379 дар сини 65 солагӣ бо ҳамроҳии пайвандону наздиконаш ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои Ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони худ қарор дод. Баҳоре ки сину соли муборакаш вориди 73 мегашт, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Оре, сафарҳои пай дар пай, муҳоҷироти солиёни зиёд, дурӣ аз Ватани азизаш, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубонаш, ки қисмаш дар Эрону қисми дигараш дар хоки Хатлон мезистанд,бузургворо хело хаста карда буд. У дар яке аз сафарҳои охирин духтараш Моҳи Хуросонро ба Хоҷа – Абуисҳоки Хатлонӣ (1314-1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаҳисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода ва дар охири умр тану рӯҳи қавии ин марди бузург заифу нотавон ва дардманд гардида буд.

   Ӯ дар бистараи беморӣ афтод, аммо ҳамеша хайёлаш банди диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нирӯманди ин сарзамини пурфайз буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим дод ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд.Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дару ҳасрати ҷангудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд; Ҳазрати шоҳи Ҳамадони Карим, Ояти раҳмат зи каломи қадим. Гуфт дами охиру Таърих шуд; «Бисмиллоҳир-раҳмони-раҳим». Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрй мутобиқи 1386-и мелодй рост меояд. Соли вафоти Сайид Алли Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодй гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде ҳаст .

    Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонй дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз Алии Ҳамадонй 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонй (ваф. 1393 ҳ.) дар «хулосат-ул-маноқиб « маъ лумоти саҳеҳ додаст. Эҷодиёт Ҳаст доим салтанат дар маърифат, Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат, Ҳар ки масти олами ирфон бувад, Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд.

   Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқи гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран малумот дод. Аммо назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ , ки шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳоӣ ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақиқонаш маълум нест.

   Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ» , «Захират-ул –мулук», «Анвор-ул-азуор», «Вуҷудия» , «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузошт. Баробари ин асарҳои мазмуни ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубои, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондаанд. Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад.

   Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегирад, вале дар ривоҷи мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд, ки хоса каломи мазмунаш хеле содаю равон дилчаспу оммафаҳманд. Мулоҳиза фармоед ба ин чанд мисраи ғазали бузургвор: Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод, Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод. Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ, Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод. Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод. Дар мисраъҳои зикрёфта чӣ хоксории олӣ чӣ фурутанию самимият муҳаббати безаволи ӯ ба насли башарият бо фасоҳату дилбастагии том ифода ёфтааст ин ғазал тахминан 600 сол муқаддам иншо шудааст аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имрӯза хоса тоҷикон номафҳум нест пас ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханофарини азалӣ ва пайваста бояд бигӯем: Рӯҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бошад, Сайид Алии Ҳамадони! Шояд ҳамин пурқувватии ақидаю афкори фикр ва соддагию оммафаҳмии забони асарҳояш бошад,ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ӯ, дӯсдорони каломи раббонӣ асрҳо боз вайро ҳамчун пири хирадманд Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагуям, ки надонӣ, Воллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ. Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷӯдогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кӯмаки мусташриқон манзури ихлосмандонаш хоҳад гашт.Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъият халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасаронаш мурофият бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфарӣ Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оиди шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад.

    Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор дрдаанд. Алҳол бошад дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба таъб расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашудаанд. Ба гуфти олимон Ахмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид,Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон ассосиатсияи байналхақии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад , ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона карда шудааст. Мутаасифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз файласуф ва ё адабиётшинос ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидиааст. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд.

   Бояд иқрор намуд ,ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон (1991) ном раҳнамои М.Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза ,ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд,ба диққати хонандагон расонда шуд. Дуруст аст ,ки дар шароити мавҷуда таҳқиқи эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан барои муҳақиқони кӯлобӣ мушкил аст, чунки аз ин олим дар вилояти Кӯлоб танҳо як асараш «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти осорхонаи таъриху кишваромӯзии вилояти Кӯлоб маҳфуз аст ва истифодаи васеи хонандагон аз он ғайриимкон аст. Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро Ба ӯ ҳадия кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Саид Алии Ҳамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба суй Самарқанд хасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд.

Ҳамин вақт Баҳовиддини Нақшбанди Балогардон, ки Дар Самарқанд мезистааст, он хасчубаро аз ҳаво дошта гирифта назди Амир Темур мебарад, ва иброз медорад, ки Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин рафтори ту дар ғазаб шуда, туро ана ба ҳамин хасчуба ҳалок месозад. Агар мулки Кӯлобро ба ӯ набахшӣ, ҳалокати ту ногузир аст. Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Ҳамадонӣ хасчубаи дигареро равон мекунад ва боз Баҳовидини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавонои надорам якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салохи кор он аст, ки дархости Алии Ҳамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯҳфа мекунад. Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмири сеҳрнок расидан дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо бахси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуд. Охиран саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад. Ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муаян карда шавад. Олими Кашмирӣ аввалан ба ин савол ҷавоб доданӣ шуда мегӯяд,ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавъзех дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст.      

 Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст.Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки вокеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта ҳамон замон ба ҳаво парвоз карда ногаҳон аз чашм нопадид мешавад.

   Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кавши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромадани мешавад, он кавш ба сараи ӯ бархурда ба сӯйи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пай дар пайи кавши соибкаромат мубад ба назди кавмаш шармандавор бармегардад.Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба у содиқ мемонанд.

Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубиини ислом, балки забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авчу барори тоза пайдо кард. Ривоят дар бораи деҳаи Тудакавш Дар қисм ишарқии шаҳри Кӯлоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакавш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхурда ва кӯҳансол чунин аст. Қисми зиёди ихлосмандони Алии Хамадонӣ аз мамолики шарқу ҷануб тавасути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин мақон расидан замон аз рӯи ӯурмат ва эҳтироми бузургвор ҳама зоирон кавшҳои худро аз пой берун карда, сипас суйи мақбараи хазрати Сайид Алии Хамадонӣ раҳсипор мешуданд шумораи меҳмонону ихлосмандони бузургвор он қадар зиёд буд, ки ҳар рӯз он ҷо ғарам-ғарам тудаи кавшҳо ба амал меомад.

   Ҳамин ҳодиса сабаб гашта бо мурури замон он маконро Тудакавш номиданд. Ривояте дар бораи деҳаи Сангпар Ба қавли ровиёни рӯзгордида таърихи пайдоиши деҳаи Сангпар, ки дар тарафи шимоли шаҳри Кӯлоб вокеъ гардидааст чунин аст. Зоирон ҳангоми ба наздики маконе, ки ҳоло деҳа қарор гирифтааст, расида аввалан аз аспҳои худ фаромада, суйи шаҳр равон мегардидаанд. Бо мақсади он ки дар рох ягон сухани ношоям ба забон нагиранд қамчинҳои худро зери дандон гузошта то ба мақбараи бузургвор расидан хомушона ба зикру дуруду санои ҳазрати Самадият машғул мешудаанд. Боре чанд тан марди кӯҳистонӣ бо мақсади имтиҳон кардани русуми номбаршуда аз он маҳал савора гузашта сӯи шаҳр рох мепаймуданд. Дар ҳамин асно аз тарафи теппаҳои болои деҳа ногаҳон суяшон сангпартоӣ сар мешавад. Саворон товбаву надомат карда, аз аспҳо ба замин мефароянд ва қамчинҳоро ба зери дандон гузошта тарафи мақбараи бузургвор зикру саногуён раҳсипор мешаванд.

    Аз ҳамон вақт сар карда он маконро деҳаи Сангпар мегуянд. Ривоятҳо дар бораи Ҳамадонӣ Рочеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд. Мо чунин ривоятҳоро нисбат баАбӯали Ибни СиноУмари ХайёмАбдураҳмони ҶомӣХоҷа Баҳовуддини НақшбандСаъдии Шерозӣ ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онхо бо пушонидани пардаи динни ниҳоят муболиғаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ байни халқ дарак дода, беасос нестанд.

     Гиромидошти мутафаккир Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марқадаш дар деҳаи Хоҷаисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб (Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон) воқеъ аст. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад. Нисбати мутафаккир доимо конфронсу нишастҳои фарҳанги баргузор мегарданд ва мероси Ҳамадонӣ нашр кард мешавад. Дар “Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон” (1991) ном раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев чоп шудааст. Асари Ҳамадонӣ «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кӯлоб маҳфуз аст. Дар зерсохтори Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб – Осорхонаи мероси хаттӣ ва адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият карда истодааст аст.[1    

Таърихнигорон дар бораи Кӯлоб           

   ( бахшида ба эълон гардидани Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

    Кӯлоб аз шахрхои нисбатан бузурги Точикистони имрузӣ,таърихи рангину кадима дорад. Дар замонхои пешин он чузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталл , Хутталлон)ба хисоб мерафт. Хатлони таърихӣ кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панчу Вахш ва шоҳони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «Хутталоншоҳ» ё «Шерони Хутталон»-ро доштаанд.Ин кишвар дар таърих бо аспхои хушзоти бидави хуб, «аспхои хатлӣ» ва мардуми ҷангии худ машхури кишвархои Хуросону Мовароуннахр будааст. Хатлон бо истихрочи тиллою намаки худ низ дар таърих шухрати беандоза дошт.Ногуфта намонад, ки яке аз намунахои аввалини шеъри дарии форсии точикӣ, ки то ба замони мо омада расидааст, махз ба номи Хатлон марбут аст. Табарӣ муаррихи машхур дар «Таърих-ар-русул вал-мулук»-и худ бори аввал зимни тавсифи ҳаводиси соли 108/726 ва сипас зимни овардани хаводиси санаи 119/737 он китъаро зикр намудааст. Дар соли 737 мелодӣ сарлашкару волии Хуросон Асад ибни Абдуллох ба Хуттал хучум оварда аз хокони турк-Курсугонун мадад мехохад. Ӯ ба ёрӣ пеш меояд. Асад аз ин хол бохабар шуда ба зудӣ аз назди Ҷабалу-л мулх (Кухи намак,ки имруз дар Кӯлоб бо номи Хоча муъмин маъруф аст) гузашта ба сохили дарёи Панҷ мерасад ва аз бисту се ҷои дарё ба гузаштан шуруъ мекунад. Ҳануз убур ба охир нарасида буд, ки туркону хатлониён аз дарё гузашта бори дигар лашкари Асадро мунхазим сохтанд. Асад бо холи табох ба Балх мурочиат мекунад. «Ана дар хамин ғазохо — навишта буд Табарӣ- мардум ба форсӣ ба у чунин гуфтанд:

Аз Хутталон омадия,

Ба рӯ табох омадия,

Обор боз омадия,

Хушку низор омадия

    Дар асрхои IX-X мелодӣ дар замони сомониён Хатлон хеле пуркувват буда, ба давлати сомониён итоат намекард. Давлатхои хурди минтака ба амири сомонӣ соле як бор хадя мефиристодаанду халос. Дар даврони  Сомониён дар охири асри X Хатлон низ мисли давлатчахои дигари хамсояи худ дар тули асрхои минбаъда борхо дучори хамлаи аквоми туркнажод гардида, хар дафъа баъд аз харобихои зиёду катлу горати мардум Хатлониён боз ба ободонии кишвари худ мепардохтанд. Ҳучумхои карахонихо, карахитоихо, лащкари Султон Махмуди Ғазнави, салчукиён ва туркхои махалли аз хамин кабилаанд. Аз хучумхои мазкур ду чанг боиси харобии нихоят сахти Хатлон гардидаанд. Яке аз онхо бо номи шоҳзодаи қарахонӣ-Буритегин ва дигар бо номи Алпарслони салҷуқӣ марбут мебошад.

Тибки маълумоти овардаи сохиби»Таърихи Байҳақӣ» Буритегини мазкур, ки номаш Иброхим ибни Наср буд, дар санаи 1038-39 бо кумичиёну туркони ганчина, ки дар дарахои Шумону Вашгирд байни Чагониёну Хутталон мезистанд, ба Вахшу Хутталон хучум бурда , онхоро то наздикихои Хулбук- пойтахти Хутталон ғорат карданд. Амири ғазнавӣ Масъуд баъди шунидани ин хабар чунин гуфта буд: «Буритегин баъдтар аст аз туркманон , ки фурсате чуст ва дартохту бештар аз Хутталон ғорат кард. Ва агар мо пасттар (дертар) расидемӣ, вай он навоҳӣ ғорат кардӣ» Ҳамин тавр , ба соли 1038-39 қисми бештари Хатлон дучори ғорат ва харобӣ гардид. Чи тавре ки маъхазхои таърихӣ дарак медихад,Хатлон баъд аз муддати кутоҳе вазъи худро ба эътидол оварда дар замони салчуқиён сар аз итоат боз зад. Муаррихи бузурги араб Ибн -ал-Асир вокеаи чанги байни Хатлониёну Алпарслони салчукиро зимни баёни ҳаводиси соди 456/1063-64 чунин ба қалам додааст. «Баъд аз марги Тоғрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хутталон дар қалъаи худ осӣ гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги у шитофт.Чун ба Хутталон расид , дид, ки калъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст.Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба ҷанг пардохт.Ӯ аз асп пиёда шуда ба кӯх баландӣ(баромадан гирифт).Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавкеи Хутталиён наздик шуданд ва ба ҳучумхои пай дар пай пардохтанд.Сохиби калъа(яъне шохи Хутталон)дар замон дар болои калъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба чанг тахриз мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт.

    Сипас Алпарслон калъаро фатх кард ва Хутталон ба хайати кишвархои ӯ даромад». Гуфтан мумкин аст, ки бо ин чанги дар санаи 456/1063-64 рух дода, бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд.Баъд аз таърихи мазкур номи марказиХатлон шахри Хулбукро дигар дар маохизи таърихӣ дучор намеоем.Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз калъаи Кӯлоб дар наздикиҳои Ҷайхун ёд кардаанд, ки ба гумони ғолиб он дар ҷои шахри Кӯлоби имруза вокеъ буд.Чунин ба назар мерасад, ки баъди дар санаи 1038-39 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганчина хароб карда шудани шахрхою дехоти Хатлон табдил ёфт.Баъди инхидому хароб сохтани қалъа хаёт дар он мавзеъ ба куллӣ катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло кайд кардем, дар он ҷо бо мурури замон деха ва сипас шахре бо номи Кӯлоб дар асрхои 15-16  комат афрохт.Бо хамин , дигар то асри 16 оид ба шахри Кӯлоб дар сарчашмахои таърихӣ маълумоте дучор намегардад. Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис , ки ашъори зиёдеро аз девонхои Саъдӣ, Амир Хусрави Дехлавӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ аз бар медонист ва худ низ ба форсӣ шеър мегуфт, дар асари ба забони туркӣ навиштани—«Миръоту-л-мамолик»(ойинаи кишвархо) оиди Хатлону шахри Кӯлоб ва мавзеи тавозуди мазори хазрати Амири Кабир Сайид Алии Хамадонӣ маълумоти тозаи пурқиммат додааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дилӣ яке аз мавзеъхои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Хамадониро шогирдонаш дар асри 16 бори аввал махз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд, на дар шахри Кӯлоб ки шояд дар он замон ободу машхур набуд. Аз мавзеи Дилӣ як нафар амирзодаи мугул— Мирзо Хайдар дар асари худ «Таърихи Рашидӣ» хамчун яке аз мавзеъхои мухими Хатлон ёд кардааст. Мирзо Хайдари мазкур дар соли 912/ 1506-7 хангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз узбукхо гурехтанаш аввало дар Пушинг (дехаест маъруф то имруз бо хамин ном дар нохияи Дангараи вилояти хозираи Хатлон) истода, сипас аз он чо ба Дилии бозор меравад: «Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин аҳвол маълум гашт».

 Оиди шаҳри Кӯлоби охири асри 16 дакиктарину беҳтарини маълумотҳо дар асари Ҳофизи Таниши Бухорӣ дар  «Шарафномаи шоҳӣ» оварда шудаанд.Хофизи Таниш зимни тавсифи чангхои байни лашкари Абдуллохони узбек ва кулобиён дар соли 992/1584 оиди калъаи Кулоб маълумоти мухим меорад: «Ва калъаи Кӯлоб алхақ аз килои машхур ва ба хасонату устуворӣ, расонату пойдорӣ бар алсинаву афвох мавсуфу мазкур, гуйи аршест афрохта шуда .Ва хандаке амиқ  монандаи мухит гирди хисори сипехр пардохтаанд.

Магу қалъа, кӯхе, вале бошукух,

Дар у киначуё— палангони кӯх..

Чу садри Сикандар дараш устувор,

Чу хисни фалак мухкаму пойдор.

Ба ҳар рукни ӯ бурч афзун зи сад,

Чу айвони Кайвону бурчи Асад

Зи пулод фаршу рахаш рехта,

Сурайё зи токаш даровехта

. Яке тарф хандак чу дарёи Нил,

Равон гирд дар гирди у мил-мил.

Ба болои бурҷу фасили ҳисор,

Мухайёву омода то сад хазор….

Аз порчаи мазкур ба хулосахои зерин омадан мумкин аст,ки

1)Шахри Кулоб дар мавзеи Ҳалвоӣ бисёр тез комат афрохтааст

2)Дар он калъаи устуворе сохтаанд:

3)Турбати поки Амири Кабир Сайид Алии Хамадониро аз мавзеи Дилӣ(Имомалӣ) дар худуди солхои 1584-1594 ба чивори шахри Кӯлоб— ба мавзеи имрузааш кучонидаанд.

    Дар асрхои минбаъда номи Кӯлоб дар сарчашмахо бештар ба ҷои Хатлон зикр мегардад. Шахри Кӯлоб бошад дар тули асрхо обод мешуд. Дар ибтидои асри 20  дар шахри Кулоб 17 гузар(махалла) вучуд дошта будааст:Дарвозаи Тебалай, Каволо, Салехбой, Кукчанор, Мулло Низом, Бозорбой, Усто Юнус, Шахид ё Бобои Якум, Сангов, Бозор Алибой, Хочӣ Рачаббой, Сари бозор, Чармгари боло, Нонвои поён, Хисориён.

    Дар яке аз гузархои ёдшуда яктогӣ масчид вокеъ буд, вучуд дошт. Дар як ки Се дарвозаи матину доруби мухкаму расин дошт:Яке тарафи шимол мусаммо ба Дарвозаи Чорсу, дигари— тарафи ғарб мавсум ба Дарби Имом. Он яки дигар чониби чануб номида шуд ба Дараи Анчиракон.Ва тарфи машрики ӯ ба кӯх муттасил буд. Ва қалъаи надим, ки яке аз муиззони валинеъмат буд, бар он кӯх менамуд.Ва ду чониби он обканде бузургу чарии багоят сутург дошт, чунончи мунтахои калъа аз чанубу шимол рафта буд ва обе соф дар харду чараён менамуд.Ва бар тарафи ғарбии ӯ низ обканди амик ,ки об аз чануб ба шимол мерафт, зохир буд ва обхои шимолу ҷануби калъа низ бар у мерехт, то хар сеи об чамъ омада ба дарёи Кизилсу хамрох мешуд ва дар ҷониби машрик, ки ба кӯх муттасил буд, дарричае низ кушода буд».

      Чи тавре ки аз тавсифи Хофизи Таниш аён мегардад, шахри Кӯлоб ба сабаби устуворӣ чун калъаи Кулоб ёд шудааст. Дар он тамоми унсурхои шахри асримиёнагии Мовароуннахру Хуросон мавчуд мебошад Аз тавсиф чунин бармеояд, ки шахри Кӯлоби асри XVI мудаввар буда се дарвозаю як дарича доштааст. Дарвозаҳои шаҳр ба суи минтақаю шахрчаҳои асосии атрофи Кӯлоб нигаронида шуда буданд. Масалан: дарвозаи Чорсу дар девори шимолии шахр вокеъ буд, зеро худи шаҳраки Чорсу— шахраки Муминободи имруза махз дар шимоли шахри Кӯлоб ва дар масофаи 30 км, дуртар аз он вокеъ буд.Инчунин мардуми нохияхои Ховалингу Балчувону Даханаи имруза низ аз хамин дарвоза дохили шахри Кӯлоб мегардидаанд.

     Дарвозаи Имом дар девори ғарбии шахри Кӯлоб вокеъ гашта , аз он мардуми Хатлон карияхои Дилӣ ва Имом (Алӣ), ки дар ғарби Кӯлоб вокеъанд, ба шахр ворид мегаштанд. Дар маколаи фавку зикри банда махз хамон дехаи Имомали, ки такрибан дар бист километри Кулоб дар гарби он вокеъ аст, мадфани аввали хазрати имом Алии Сони, яъне Сайид Алии Хамадони дониста шудааст. Дар дарвозаи Анҷиракон мардуми дехоту касабахои дар чануби Кӯлоб чой дошта ба шахри Кулоб ворид мешуданд.Дар байни онхо касабаи Анчиракон ,ки такрибан дар си километрии ҷануби Кулоб наздик ба дарёи Панч гашта , имруз низ бо хамин ном вучуд дорад, аз хамаи дехоти минтака бузургтару ободтар буд. Аз хамин рӯ дарвозаи девори кисми чанубии Кулоб хамчун дарвозаи анчиракон ёд мешавад.

     Даричае, ки дар девори шаркии шахр вокеъ гашта ба кӯх (теппа) муттасил буд, мухими дигар дошт. Яъне он на барои даромаду баромад, балки барои дар холати изтиори истифода кардан аз он дарича- масалан дар вазъияти душвор ба воситаи он ба кӯх гурехтан ва ғайра, муқаррар шуда буд. Ба даруни шахр об ба воситаи тарнова (новачуби, дарунхолие, ки об аз тарики он чорӣ мегардид) мерафт. Ҳофизи Таниш оиди он чунин нигошта: «Ва бар тарнове , ки об аз он чо ба даруни шахр мебурданд, пиёдаи бисёр тиру камонхо ба банду тир хамоил сохта, хандагохи ситез бар миён хаста ва сипархои лаълӣ бар китф андохта, хучум дохтанд».

  Хамин тавр , дар соли 1584 шахру калъаи Кӯлоб билкул вайрон карда шуданд. Вале бо ин хаёт дар Кӯлоб на ин ки катъ нагардид, балки ба зудӣ ривочи тамом ёфт. Абдуллохон Кӯлобро ба яке аз хешовандони худ Узбаксултон дода фармуд, ки баъд аз вайрон кардани қалъаи Кӯлоб»дар мавзеи Ҳалвоӣ хисоре, ки панохи раоёву химояти бароёро созад, роияти иззат барафрозад».

  Харобаҳои қалъаи Кӯлоби соли 1584 имрӯз дар шахри Кӯлоб болотар аз зиндони Кӯлоб мавчуданд. Шахри нави Кулоби баъди соли 1584 дар гарби бозори имрӯзаи Кулоб дар мавзеи махаллаи Чармгари поён, ки дар он замон шояд бо номи Халвоӣ машхур буд, арзи вучуд намудааст.

    Амин Аҳмади Рози, ки «Ҳафт иклим»-и худро ба таърихи санаи 1002/1594 таълиф кардааст, оиди Хатлон чунин калимоте сабт намуда: «Хатлон— ба вуфури фавокиху мева макоме боном аст. Ва иртифоташ нек ба амал меояд ва аспони хатлӣ байналҷумхур машхур аст ва мардумаш дар шуҷоату пайкор солиси Рустаму Исфандиёранд.

Бар яминаш мархабо зан офтоб,

Бар ясораш таррику гу осмон.

    Ва мазори фоизу-л-анвори Амир Сайид Али Шихоббидини ал-Хамадонӣ дар чивори исми гузархои мазкур мадорис бо толибилмон мавчуд буд.

  Дар шахри Кӯлоби ибтидои асри xx хунармандӣ ривочи тамом дошт.Мардум тамоми маводу маснуоти заруриро худаш истехсол мекард, худаш месохт ва истеъмол мекард.

    Дар таърихи 15-уми марти соли 1921 куввахои мусаллаҳи Сурх дохили Кӯлоб гардиданд ва 17-уми июни соли 1922 дар Кӯлоб хукумати Шӯроӣ баркарор карда шуд.