МАЪЛУМОТНОМА

ХАЙРУЛЛО Амонулло

аз  феврали соли 2015 дар мансаби Раиси шаҳри Кӯлоб кор мекунад.

Соли таваллуд  10 августи соли 1967. 

Ҷои таваллуд  ноҳияи Фархор.

Миллат  тоҷик.

Таҳсилот  олӣ.

соли 1992, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос  муҳандис-механик.

Унвони илмӣ  номзади илмҳои техникӣ.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  медали «Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Вазъи оилавӣ – оиладор.

Суроға  шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ, хонаи 28/5.

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1985-1992- Донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1986-1988- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
Солҳои 1992-1993- Ҷелонгари колхози ба номи Ленин, ноҳияи Фархор
Солҳои 1993-1994 Муҳандиси шуъбаи энергетикӣ-механикии заводи ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе
Солҳои 1994-1997- Сармеханики заводи ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-1998- Муовини сармуҳандиси ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-2000- Сармуҳандиси ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2006- Директори ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Заводи ба номи Орҷоникидзе»-и шаҳри Душанбе
Соли 2006 (03-09) – Муовини сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2007- Сардори Раёсати саноати мошинсозӣ ва кимёии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2010- Сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимёии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2014- Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2015- Муовини Раиси вилояти Суғд
Аз феврали соли 2015 то ҳоло- Раиси шаҳри Кӯлоб